Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мадади навбатии Ҷопон ба Тоҷикистон


Ҳукумати Ҷопон мехоҳад, ҳамчун кӯмаки бебозгашт ба Тоҷикистон, 14 лоиҳаро дар бахши омӯзишу парвариш ва беҳдошт ба маблағи 1 миллиону 142 ҳазор доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кунад.
Миралӣ Тошмуҳаммадов-сармушовири сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба саҳифаи интернетии радиои Озодӣ гуфт, баъзе аз ин тарҳҳо барои беҳбуди шароит дар мактабҳои ҳамагонӣ ва фароҳам сохтани шароити кор барои маъюбону бепарасторон ихтисос дода мешавад. Ҳадафи дигари ин тарҳҳо ҷилавгирӣ аз бемориҳои сирояткунанда ва беҳтар кардани хадамоти тиббӣ хоҳад буд. Ба гуфтаи ҷаноби Тошмуҳаммадов, дар назар аст, бо маблағи ин кӯмакҳо дар ҷамоъати Ромит воқеъ дар 35- километрии шарқи шаҳри Душанбе як пули харобшуда низ таъмир шавад. Ҷопон 163 лоиҳаро дар риштаҳои мухталиф дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 9 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.
Фирӯз Барот, Душанбе
XS
SM
MD
LG