Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия ва Ҳиндустон имкони истифодаи муштараки фурудгоҳи Айниро баҳс мекунанд.


Муовини сарвазир ва вазири мудофиаи Русия Сергей Иванов мегӯяд, шояд Русияву Ҳиндустон майдони ҳавоии маҳаллаи Айнии канори пойтахти Тоҷикистонро мавриди истифодаи муштарак қарор диҳанд.
Дар поёни мулоқот бо сарвазири Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳ дар шаҳри Маскав Сергей Иванов бо рӯзноманигорон вохӯрд. Ӯ таъкид кард, ки дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ Ҳиндустон дар амал аз мавқеи Русия пуштибонӣ мекунад ва маҳз аз ҳамин сабаб Русияву Ҳиндустон метавонанд дар майдони ҳавоии маҳаллаи Айнӣ ҳавопаймоҳои низомии ду кишварро ҷой диҳанд.
Вазири мудофиаи Русия афзуд, ки музокирот дар ин бора бо мақомоти Тоҷикистон пеш бурда мешавад. Тахмин меравад, ки майдони ҳавоии Айнӣ, воқеъ дар даҳкилометрии шаҳри Душанбе, пойгоҳи доимии ҳавопаймоҳои ҷангии Русия мешавад.
Дар сӯҳбат бо хабаргузории Итар-Тасс фармондеҳи пойгоҳ генерал Сергей Юдин гуфтааст, ки дар майдони ҳавоии Айнӣ шаш ҳавопаймои "Су-25" ва даҳ чархболи ҷангӣ мустақар хоҳад шуд. Ӯ илова кардааст, ки эҳтимол тирамоҳи соли 2006-ум техникаи низомии Русия аз майдони ҳавоии шаҳри Душанбе ба пойгоҳ дар маҳаллаи Айнӣ интиқол ёбад.
Майдони ҳавоии маҳаллаи Айнӣ дар солҳои Шӯравӣ сохта шудааст, вале феълан хатти парвозу нишасти ҳавопаймоҳо ва дигар таҷҳизоти он ғайри қобили истифода аст. Тибқи гузориши расонаҳои Русия мутахассисони Ҳиндустон омодаанд, майдони ҳавоии Айниро бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонанд. Ин масъала ҳангоми вохӯрии вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев бо фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Ҳиндустон Сатиш Ҷайн баҳс шудааст.
XS
SM
MD
LG