Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тағйир дар Қонуни интихоби раиси ҷумҳури Тоҷикистон


Тағйиру иловаҳо дар қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар порламони ин кишвар ба тасвиб расид. Муҳиддин Кабирӣ-вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон низ пешнависи қонуни алтернативии худро дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ таҳия карда буд, вале натавонист онро барои баррасӣ ба порлумон пешниҳод кунад. Оқои Кабирӣ гуфт, ӯ ҳанӯз лоиҳаи худро ба таврӣ расмӣ пешниҳоди вакилони Маҷлис накардааст ва ӯ ба ин зудӣ пазируфтани лоиҳаи қонун дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳуриро аз сӯи порлумон бидуни омӯзиши афкори аҳзоби сиёсӣ ва мардуми кишвар интизор надошт.
Ин дар ҳолест, ки Шерхон Салимов-раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва муаллифи ислоҳоти ворида дар Қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ гуфт, мутобиқсозии меъёрҳои ҳуқуқии қонуни интихобот бо Қонуни Асосии кишвар ҳадафи аслии ислоҳоти мазкур мебошад. Аз сӯи дигар, оқои Салимов афзуд, маъракаи нави интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон наздик шудааст ва ҳарчи зудтар пазируфта шудани ин қонун бар манфиати ҷомеъа хоҳад буд.

«Аслан талабот аз он иборат буд, ки баъзе меъёрҳо барои номзадҳое, ки ба мансаби президенти ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ мешаванд, аниқтар ва пурратар гардонида шаванд».

Аммо Муҳиддин Кабирӣ-вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, бо ин вуҷуд ки Қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ қабул шуд, ӯ бо истифода аз ҳақи худ лоиҳаи омодакардаашро барои баррасӣ ба порламон пешниҳод мекунад, зеро лоиҳаи ӯ аз қонуни қабулшуда тафовути зиёд доштааст.

«Ҳатман тафовутҳое хоҳад дошт. Барои мисол мо тартиби ташкили комиссияҳои интихоботиро аз нав мехоҳем бубинем, яъне дар он ҷо бояд бо ширкати ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ сурат биград. Аз тарафи дигар, ширкати нозирон ва салоҳиятҳои онҳо бояд мушаххас бошад, зеро дар қонуни ҷорӣ ин нуктаҳо мушаххас нест ва аслан муайян карда нашудааст, ки нозирони дохилӣ ва хориҷӣ ҳаққи иштирок кардан доранд ё не».

Ба эътиқоди бештари коршиносони масоили сиёсӣ ҳадафи ислоҳоти ворида дар Қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз сӯи порлумон фароҳам кардани шароити ҳуқуқии ширкати раиси ҷуҳмурии феълӣ ба интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ будааст. Ба ин далел, ки қисмати аъзами вакилони Маҷлис узви Ҳизби Халқӣ-Демократӣ ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмонов мебошанд, пазируфта шудани лоиҳаи алтернативии Муҳиддин Кабирӣ ҳатто барои баррасӣ аз сӯи Маҷлиси Намояндагон дур аз воқеият аст. Қарор аст, интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли оянда баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG