Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забони расонаҳои хабарии тоҷикӣ


Таҳти ҳамин унвон дар шаҳри Кӯлоб барои се рӯз семинар - машварат бо ширкати 20 тан аз хабарнигорони маҳаллӣ баргузор шуд. Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ - ҳамоҳангсози барномаи омӯзиш барои хабарнигорони ҷавон дар Кӯлоб мегӯяд, дар ин нишаст роҷеъ ба забони расонаҳои хабарӣ, ба вежа забони радио баҳсҳо доманадор будааст:

«Гап дар сари он аст, ки бархе вожаҳову истилоҳот аз ҷониби рӯзноманигорон истифода мешавад, аммо барои шунавандаву хонанда номафҳум аст! Забони матбуот бояд як забони мутавассит бошад, ки онро кулли бинандаву шунавандаву хонанда бифаҳмад, на ин ки паси ҳар калима рӯ ба луғоту тарҷумон бубарад.»

Доктори илми филология, профессор Баҳриддин Камолиддинов, гардонандаи семинар дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт,

«Ҳадаф аз баргузории ин нишаст муайян кардани меъёри забонӣ дар расонаҳои хабарист.»

Оқои Камолиддинов мегӯяд, ҳамакнун дар расонаҳои хабарии кишвар ба вежа дар радио аз вожаҳое истифода мекунанд, ки нофаҳмоянд. Ва ҳадафи аслии нишасти дар Кулоб, ки то ҳол дар Суғд, Қӯрғонтеппаву Душанбе низ баргузор шудааст, пайдо кардани истилоҳот ва ифодаҳои ягона барои расонаҳои хабарист:

«Шурӯъ аз нимаи дуввуми солҳои 80 - и асри бист, дар матбуоти мо вожасозӣ маъмул гардид, ки ҳар расона ҳар истилоҳро ба гунаи худ мавриди истифода қарор медод. Ва ин раванд то ҳол идома дорад, ки як корхона ё вазоратхонаро бо чанд тарз мегӯянду менависанд. Яъне ифодаву истилоҳоти ягона ва умумӣ барои расонаҳои хабарии мо, ба вежа барои родио то ҳол вуҷуд надорад»

Профессор Камолиддинов бар назар аст, ки бо рӯи кор овардани ифодаҳаву истилоҳоти ягона дар Тоҷикистон, метавон аз вожаву истилоҳоти расмии ягона дар кишварҳои ҳамзабон низ истифода кард:

«Забони матбуот, хоса родио бояд барои сокинони ҳар се кишвар ягона бошад. Истилоҳоти фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ бояд ягона бошад. Мушкиле, ки усулан барои Эрону Тоҷикистону Афғонистон ҳаст, ҳамин вожаву истилоҳоти расмии фарқкунанда аст. Агар вожаҳо, истилоҳот як бошанд, тасаввур кунед, ки барои мо ҳамзабонон, аз Эрон то Афғонистону Тоҷикистон чи қадар олами иттилотӣ фаррох мегардад!»

Сӯробошоҳи Фаррухшоҳ мегӯяд, ҳамзамон дар нишасти серӯза журналистони маҳаллӣ бо масоили бозори ҷаҳонии хабар ва табодул дар ин бозор ошно шуданд.
XS
SM
MD
LG