Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирузии Назарбоев дар интихобот


Тибқи натиҷаҳои муқаддамотие, ки Оналсин Ҷумъабеков-раиси Комиссиюни Марказии Интихоботи Қазоқистон субҳи 5 декабр эълом кард, Нурсултон Назарбоев- раиси ҷумҳури кунунии ин кишвар дар интихоботи раёсати ҷумхурии рузи якшанбе 91 дарсади райи интихобкунандагонро ба даст овардааст. Тибқи маълумоти эълоншуда аз 8,7 миллион нафар ширкаткунандагони интихобот беш аз 6 миллиону 100 ҳазор нафар ба ҷонибдорӣ аз Назарбоев рай додаанд. Рақиби асосии вай Жармахон Туякбой-номзади мухолифин ва раҳбари ҷунбиши « Барои Қазоқистони одил» 445 хазор рай ба даст овардааст, ки 6, 7 дарсадро ташкил медиҳад. Алихон Бойманов-раиси Ҳизби Демократии «Ақ Жол» 1,7 дарсад, Ерасил Абулқосимов- раиси Ҳизби Коммунистиву Мардумии Қазоқистон 0,4 дарсад ва Мелс Елеусизов-раҳбари созмони ҷамъиятии «Табиъат» 0,3 дарсади райи интихобкунандагонро соҳиб шудаанд. Тибқи маълумоти Кумисюни Марказии Интихоботии Қазоқистон, дар интихобот 75 дарсади аҳолии қобили рай ширкат кардаанд. Натиҷаҳои ниҳоии интихобот тибқи қонуни мавҷудаи кишвар дар 10 рузи оянда эълон хохад шуд. Нурсултон Назарбоев 16 сол раҳбарии Қазоқистонро бар уҳда дорад. Вай бори дуввум ба муддати 7 сол раиси ҷумҳури Қазоқистон интихоб шуд. Бар асоси қонун вай дигар ҳақ надорад номзадии худро барои мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод кунад, зеро дар қонун ду давраи 7 солаи раёсати ҷумҳурӣ барои ҳар шаҳрванди Қазоқистон пешбинӣ шудааст.

Насибҷон Амонӣ, Алмаато
XS
SM
MD
LG