Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими мо: Аз ислом ё на?


Саидмукаррами Абдулқодир, ноибраиси Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имом Тирмизӣ мегӯяд, масрафоти беш аз қудрат дар маросимҳои азодорӣ ва тӯю маъракаҳо ба дини мубини ислом ҳеҷ иртиботе надорад. Ӯ мегӯяд, таассуб ва хурофот ба афкору рӯҳия ва зиндагии бе ин ҳам фақиронаи мардуми тоҷик зарар меорад.

«Садақае, ки бидуни худнамоӣ ва пинҳонӣ карда мешавад, ба даргоҳи худованд қабул ва писандида аст, аммо вақте мо чунин садақаро барои худнамоӣ ва бо масрафи зиёд мекунем, гумон аст, ки савоб бошад.»

Ноибраиси Донишгоҳи исломии Тоҷикистон мегӯяд, сабаби аслии ба фарҳанги динии мардуми кишвар ворид шудани ин қабил хурофот, сатҳи поини маърифати динии мардум мебошад:

«Худованд фармудааст, ки одамонро аз ислом натарсонед, барояшон мушкилӣ наоред, осонӣ биёред, то ба ислом наздик бошанд.»

Оиша Аҳтамова, як сокини 65 - солаи Душанбе шаш моҳ қабл шавҳарашро ба хок супурдааст. Хонум Оиша бознишаста мебошад ва ҳамагӣ 12 сомонӣ нафақапулӣ мегирад. Ду фарзандаш бекоранд. Маъракаи ҳафт ва чили шавҳарашро бо кӯмаки ҳамсоя ва хешу табор баргузор кардааст. Вай мегӯяд, феълан, маъракаи соли шавҳари марҳумаш наздик омадааст ва ӯ шабу рӯз дар андешаи он аст, ки аз куҷо пул ёбад ва ин маросимро доир кунад, то арвоҳи шавҳараш орому аз ӯ розӣ бошад.

«Ҳамсояҳо барои савоб шуда маъракаҳои ҳафту чилашро гузарондан. Ҳоло солашро намедонам чӣ хел мегузаронда бошам. 12 сомонӣ нафақапулӣ мегирам. Ҳайронам чӣ кор мекарда бошам, накунам нашавад..»

Диншиносон бар ин назаранд, ки бархе аз чунин хурофот ва таассуби динӣ, он қадар дар фарҳанги мардуми тоҷик жарф ҷой гирифтааст, ки бидуни онҳо маросиму маъракаи худро наметавонанд, тасаввур бикунанд. Зайниддин Наботов, диншинос, номзади илми фалсафа дар робита ба ин мегӯяд:

«Чанд сол пеш як гурӯҳи рӯшанфикрон ва уламои ислом гуфтанд, ин урфу одатҳое, ки зарарнок ва хурофотианд, аз қабили саритахта, ҳафту чилу сол ва солгард, бояд аз баҳрашон бароем, як гурӯҳи дигари муллоҳо зид баромаданд. Бояд он чизе ки дар ислом нест, дар фармудаи паёмбари ислом нест, набояд аз онҳо пуштибонӣ кард.»

Замоне ин гузориш омода мешуд, мо назари чанде аз сокинони пойтахтро дар робита ба ин мавзӯъ пурсидем:

«1. Ин урфу одатҳо аз қадим мондааст, бояд иҷро шавад.
2. Рости гап ба назари ман инҳоро худи ҳамин одамони чаласавод бофта баровардаанд, барои манфиати худашон.
3. Дар рӯзи ҷаноза қолин ва дигар чизҳоро ба муллои ҷанозакун медиҳанд ва дастурхонро пур мекунанд, намефаҳмӣ, ки азо аст ё туй. Бояд аз баҳри ин чизҳо бароем.»


Мавзӯъи харҷи беҳуда ва хилофи қавоиди исломӣ дар матбуоти даврии Точикистон низ ба таври густарда матраҳ аст. Барои мисол, ахиран, як матлаби Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, вакили Маҷлиси Миллии Тоҷикистон дар ин бора дар чанд нашрияи маҳаллии Тоҷикистон нашр гардид. Дар он аз ҷумла омадааст:

«Дар ҳақиқат имрӯз ҳама урфу одатҳои вобаста ба маргу азодорӣ ва ёдбуди гузаштагон то ҳадде мураккаб шудааст, ки даргузашти як инсон барои оилаи ӯ натанҳо як талафоти отифиву маънавӣ, балки як харҷи сангини моддӣ низ мегардад».
XS
SM
MD
LG