Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавоне аз Рашт, ки ниёз ба Русия надорад


Рашт Дар ҳоле, ки аксари афроди қобили кор дар водии Рашт барои мардикорӣ ба Русия рӯ овардаанд, Тайибҷон Қандов аз зодгоҳи худ, деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт берун нарафта бо роҳандозии ду коргоҳ тавонистааст, зиндагии худ ва чанд нафари дигарро таьмин намояд.

Коргоҳи қуттисозии ӯ ҳамарӯза садҳо қуттӣ тавлид ва пешкаши муштариён мегардонад. Дар назари аввал барои бинанда ҳама чиз осон ва қуттиҳо паси ҳам омода ва дар як гӯшаи коргоҳ болои ҳам чида мешавад. Вале Тайибҷон мегӯяд, таҳияи ашё мушкили аслии коргоҳи ӯст. Ӯ мегӯяд, замони пеш маҳсулот аз Русия ба Тоҷикистон интиқол мегардид ва боғдорони водии Рашт дар ин ҷода ягон мушкил надоштаанд, вале имрӯз ин ҳама аз чӯбҳои маҳаллӣ омода мешавад, ки ба эьтиқоди Тайибҷон, иллати набуди қуттиҳо талафи даҳҳо тонна себу нокро дар пай доштааст.

Мусоҳиби мо пешрафти муваффақонаашро дар такяи худ ба маводи мавҷуда дар худи водӣ медонад. Тайибҷон дар мавриди тоҷироне, ки ба тавлиди чизе даст намезананду маводеро аз як ҷо ба ҷои дигар фурӯхтанро афзал мешуморанд, мегӯяд, ки ин ҳама соҳибкории поя надошта муваққатист.

Ва аммо коргоҳи қуттисозии Тайибҷон Қандовро метавона аз коргоҳҳои ангуштшумори тавлидотӣ дар Рашт ном бурд. Ҳама корхонаҳои аз Шӯравӣ ба меросмонда ё тахриб шудааст ва ё ба иллати адами ашё аз фаъолият бозмондааст. Дар ҳамин ҳол, ин соҳибкори муваффақи раштӣ бо эҷоди худ тавлиди бухориҳоро мутобиқ бар ангишти Назарайлоқ, ки 99 фисади боздеҳи гармӣ дорад, роҳандозӣ намуда, ки он дар шароити бебарқии кӯҳистон бо хароҷоти кам ва гармидиҳии зиёд мусоид будааст.

Дар ояндаи наздик, мегӯяд Тайибҷон, бо дарёфти маболиғи зарурӣ нақшаҳои зиёд дорад, аз ҷумла, дар қадами аввал бунёди як коргоҳи анвои ҷиҳози хона.
XS
SM
MD
LG