Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафирони Амрикову Русия мегӯянд...


«Азия - Плюс» суханронии Ричард Ҳоуглэнд, сафири Амрико дар Душанберо дар вохӯрии ӯ бо роҳбарияти ҲХДТ ва ҷавонони тоҷик чоп кардааст. Сафири Амрико гуфтааст, манофеъи кишвари ӯ дар Осиёи Марказӣ дар ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ, амният ва тиҷорату энержӣ мебошад ва ҳадафи кишвараш мусоидат ба субот ва ҳамкориҳои мутақобилан муфид аст. Ричард Ҳоуглэнд аз талошҳои Тоҷикистон дар ҷодаи мубориза бо тиҷорати мухаддирот қарддонӣ намуда хабар додааст, ки дар Душанбе дафтари шӯъбаи ҳукумати Амрико барои назорат аз болои иҷрои қавонин оид ба маводи мухаддир кушода хоҳад шуд. Сафири Амрико ҳар гуна ақоидро дар бораи талошҳои барангезии низомҳо дар ҷамоҳири собиқ Шӯравӣ тафаккури қолабии кӯҳна номида гуфтааст, ҳар як кишваре бояд худ манофеъи миллӣ ва роҳҳои пешрафти худро таъин бикунад. Дар мавриди Тоҷикистон сафир гуфтааст, барои насли оянда бояд дар ҷомеа ҷойе фароҳам овард, то ки он насл даст ба талаби мавқеъи худ бо роҳи эътирозот назанад.

Рамазон Абдулатипов, сафири Русия дар Душанбе дар як мусоҳибааш бо нашрияи «Ҷумҳурият» гуфтааст, наздикшавии Узбакистон ва Русия ба муносибатҳои Узбакистон бо Тоҷикистон такони мусбӣ мебахшад. Ӯ гуфтааст, мушкилоти марзӣ ва нақлиёт миёни ин ду ҳамсоя ҳамакнун роҳи ҳалли худро меёбад. Сафири Русия ҳамчунин гуфтааст, муҳоҷирони тоҷик дар рушди иқтисоди Русия саҳми калон мегузоранд ва даъвоҳои бархе аз сиёсатмадорони миллатгарои рус дар мавриди муҳоҷирони корӣ, ба иқтисоди Русия ва ҳам сиёсати он дар Осиёи Марказӣ халал эҷод мекунад.

Ҳафтаномаи «Зиндагӣ» низ дар матлабе ин гуна иддаъоҳоро таҳлил карда навиштааст, ин навъ бархӯрд бо муҳоҷирон ба амнияти худи Русия хатар эҷод мекунад.

Ва аммо ба амнияти мардуми Кӯлоб маризиҳои мухталифи сироятӣ ва бепарвоиҳои масъулин дар қиболи он хатар эҷод мекардааст. Ношири ин андеша, ҳафтаномаи «Тоҷикистон» шумори нигаронкунандаи маризони гирифтори сӯхтанӣ, домана, табларза, исҳоли хунинро чоп карда навиштааст, масъулини идороти марказии беҳдоштӣ ба ҷои чорае андешидан табибони маҳаллиро барои додани иттилоот ба журналистон муҷозот кардаанд.

«Минбари Халқ» пешниҳодоти як пизишки тоҷикро оид ба беҳтар кардани барномаи хидматрасонии пулакӣ чоп кардааст. Муаллифи матлаб пешниҳод кардааст, ки камбудиҳо дар таъини фисади маблағгузории давлат, нархномаҳо ва маоши табибон барканор шавад.

Ҳафтаномаи «Зиндагӣ» дар навиштае шеърҳои шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералиро нахустин падидаҳои бозтоби худшиносии миллӣ дар миёни равшанфикрони тоҷик дар авохири солҳои шасти қарни бист номидааст.
XS
SM
MD
LG