Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нашри тадқиқоти вазъи озодии баён дар Тоҷикистон


Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, натиҷаи тадқиқоти худ оид ба озодии сухан дар Тоҷикистон дар солҳои 1999-2004- ро дар шакли як маҷмӯа ба нашр расонид. Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, зимни тадқиқот аз мушоҳидаҳои худ тайи солҳои фаъолияти Анҷуман дар Тоҷикистон ва ҳамчунин, асноди анҷуманҳои расонаҳои озоди Русия ва Қазоқистон низ истифода кардаанд. Ҷаноби Қаршибоев дар мавриди зарурати гузаронидани чунин як тадқиқот дар Тоҷикистон оид ба вазъи озодии сухан ва расонаҳои хабарӣ дар кишвар мегӯяд, ин тадқиқот рӯшан кардааст, ки вазъи озодии баён дар нимаи дуввуми соли 2004, яъне дар арафаи интихоботи порлумони Тоҷикистон, нисбат ба солҳои пешин ногувор шуд ва бо дахолати ниҳодҳои масъули давлатӣ ба фаъолияти чанде аз рӯзномаҳои мустақил дар Тоҷикистон мавонеъ эҷод шуд. Мушкилоти пешомада бо нашрияҳои «Рӯзи Нав», «Нерӯи Сухан», «Адолат», «Одаму Олам» ва ТВ «Сомониён» аз ин ҷумла будааст.
Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG