Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози кори анҷумани дурӯзаи ҳамкориҳои минтақавӣ дар Кобул


Дар шаҳри Кобул пойтахти Афғонистон имрӯз, 4 декабр анҷумани дурӯзаи ҳамкориҳои минтақавӣ ба кор оғоз кард.Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дар ифтитоҳи анҷуман кишварашро аз лиҳози ҷуғрофӣ як пули барои ҳамкориҳои тиҷоратии кишварҳои минтақа муҳим ва ба маҳзи барномаҳои бузурги эъмори муҷаддадаш як бозори бузурги энерживу нирӯи кор ба қалам дод. Ким Ҳовеллс, раҳбари идораи равобити байналмилалии Бритониё роҳи ҳамкориро барои минтақа муҳим хонд. Вай афзуд, сармоягузорӣ ба иқтисоди Афғонистон ба 1 миллиард доллар наздик шуда, дар оянда боз ҳам хоҳад афзуд.

Анҷумани ҳамкориҳои минтақавӣ дар Кобул бо ҳамдастии Бритониё баргузор шуда, дар баробари намояндагони 6 кишвари ҳамҷавони Афғонистон - Чину Покистону Эрон ва Узбакистону Туркманистону Тоҷикистон - ба ин нишаст намояндагони Ҳинду Имороти Муттаҳидаи Араб ва Қазоқистону Қирғизистон низ даъват шудаанд.
XS
SM
MD
LG