Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Қазоқистон


Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури феълии Қазоқистон ва номзад ба ин мақом дар Остона баъди раъйдиҳӣ ба хабарнигорон гуфт, ки интихоботи раёсатиҷумҳур воқиъаи муҳими сиёсист ва ин рӯз барои онҳо боз аз он ҷиҳат фаромӯшнопазир аст, ки интихобот дар шароити бемисли демократӣ мегузарад. Мардуми Қазоқистон, ба гуфтаи раисиҷумҳури феълӣ,барои ояндаи нек, субот ва дӯстии халқҳо раъй хоҳанд дод.

Вале Жармахон Туякбой, раҳбари ҷунбиши «Барои Қазоқистони боадолат», ки дар шаҳри Алма-Ато овоз медод, таъкид кард, ки ниҳоят ҳокимият дарк намуд, ки мардуми кишвар хоҳони демократия, адолат ва тартибот ҳастанд. Ва ба андешаи вай ағлаби онҳо барои чунин арзишҳо раъй медиҳанд. Жармахон Туякбой иброз дошт, ки агар дар интихобот қонуншиканихо кам рух диҳад, вай ба давраи дуюми мубориза мебарояд, вале агар интихобот комилан озоду одилона гузарад, вай ба пирӯзӣ хоҳад расид. Аммо афзуд вай, нахустин паёмҳои расида аз музофотҳо баёнгари онанд, ки ин маърака орӣ аз қонуншинканӣ набудааст.

Аз сӯи дигар, Алихон Бойимонов, раҳбари ҳизби демократии « Оқжол» низ итминон дорад, ки ба даври дуюм ӯву Нурсултон Назарбоев хоҳанд баромад. Вай ҳамчунин афзуд, ки интихоботи феълӣ нисбат ба интихоботи парлумонии соли гузашта хубтар ҷараён дорад ва ин ба шарофати вуҷуди алтернативаи воқеъӣ дар интихобот аст.

Номзади дигар Мелс Елеусизов, раҳбари созмони ҷамъиятии «Табиат» низ ин нуктаро таъйид намуда гуфт, ки вай аз маъракаи интихоботиаш розист. Дар робита ба ваколати 7- солаи раисиҷумҳур оқои Елеусизов гуфт, ки он басо тӯлонист ва раисиҷумҳури Қазоқистон низ бояд чун дар Амрико барои чаҳор сол интихоб шавад ва он ҳам танҳо барои ду давра.

Дар мавриди чисон гузаштани интихобот Комиссиюни марказии интихобот иттилоъ пахш кард, ки он орому бидуни қонуншиканӣ ҷараён дорад. Вале номзадҳо Жармахон Туякбой ва Алихон Бойимонов гуфтанд, ки тибқи иттилоъҳои ба ситоди онҳо расида, дар маҳалҳо ҳодисаҳои ба раъйдиҳӣ маҷбур кардани интихобкунандагон , такроран раъйдиҳии як нафар ба ҷойи дигарон ва дигар қонуншиканиҳо ба мушоҳида расидааст. Таври маълум, ба ҷараёни интихобот беш аз 1600 нозир назорат мекунанд ва онҳо хулосаи хешро дар бораи интихоботи Қазоқистон рӯзи 5 декабр баён хоханд кард.

Ҳамчунин дар ҷараёни интихобот 5 созмон, мисли Маркази технологияи сиёсии Русия, Қазрейтинг ва Пажӯҳишгоҳи иттилооти иҷтимоиву иқтисодии Қазоқистон пурсиши EXIT POL гузарондаанд. Вале ситоди пуштибонии Жармахон Туякбой аз фаъолияти Маркази технологияи сиёсии Русия, ки ҳанӯз то чошти 4 декабр натиҷаи пурсиши муқаддамотии хешро ба суди Назарбоев эълом намудааст, шадидан изҳори нигаронӣ кард. Дар назар аст, натоиҷи муқаддамотии интихоботи раёсати ҷумҳури Қазоқистонро Кумиссиюни марказии интихобот то шоми 5 декабр эълом намояд.
Насибҷони Амонӣ, Алма-Ато
XS
SM
MD
LG