Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сӯҳбати сафири Чин бо духтарони фаъол


Сатҳи огоҳии сиёсӣ ва ҳуқуқии занону духтарони тоҷик, меъёрҳои сиёсиву ҳуқуқии байналмилалӣ ва таҷрибаи сиёсиву ҳуқуқии кишвари Чин, дар роҳи боло бурдани мақому манзалати занон дар ҷомеъа, дар мулоқоти аъзои маҳфили сиёсии «Духтарони сарвар»-и Ҳизби халқи демократӣ бо сафири ҷумҳурии Чин дар Тоҷикистон барассӣ гардид. Олия Аловиддинова, донишҷӯи донишгоҳи Омӯзгории Душанбе мегӯяд, бо ширкат дар чунин нишастҳо оид ба меъёрҳои ҳуқуқиву сиёсии байналмилалӣ ва давлати демократӣ огаҳӣ пайдо кардааст: «Ман аз замоне, ки дар ин маҳфил иштирок мекунам, бисёр чизҳои муҳимро оид ба ҳуқуқу сиёсат донистам ва фикр мекунам чунин маҳфилҳо, хеле муфид мебошанд.»

Муҳтарама Қайюмова, аъзои садорати Ҳизби халқи-демократии Тоҷикистон, яке аз созмондиҳандаи маҳфили «Духтарони сарвар» мегӯяд, ҳадафи ташкили маҳфили мазкур омода кардани лидерҳои оянда, роҳбарон ва сиёсатмадорону ҳуқуқшиносони варзида мебошад: «Дар оянда, давлати озоду демократӣ ва иҷтимои худро ба дастони насли огоҳу босавод супоридан, яке аз ҳадафҳои аслии мо ба шумор меравад.»

Дар ҳамин ҳол Зурафо Раҳмонӣ сардабири маҷаллаи «Бонувон» - и Ҳизби наҳзати ислом иқдоми Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистонро нек арзёбӣ карда гуфт, қарор аст чунин як маҳфили сиёсӣро барои духтарон ҳизби онҳо низ таъсис диҳад: «Раиси ҲНИ,ҷаноби Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба қарибӣ бо ҷавонон ва бонувон вохӯрда, зимни мулоқот ба масъалаи тарбия ва омода кардани ҷавонону духтарон ҳамчун сарварони оянда, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд».

Маҳфили «Духтарони сарвар» дар назди Ҳизби халқӣ- демократии Тоҷикстон ним соли қабл таъсис ёфта, ҳудуди 40 аъзо дорад.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG