Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухӯрд дар минтақаи марзии Ҳамадонӣ


Марзбонони тоҷик мегӯянд, шаби гузашта дар қитъаи нӯҳуми минтақаи Ҳамадонии марз бо Афғонистон бо як гурӯҳи қочоқбарони афғон вориди задухӯрд шуда ва аз ин гурӯҳ 25 кило ҳероин мусодира кардаанд. Дастаи марзбонон гурӯҳи қочоқбарро ҳангоми гузаштанашон аз рӯди Панҷ ошкор мекунад ва дар ҳамроҳӣ бо нирӯҳои милисаи маҳаллӣ бо қочоқбарон вориди задухӯрд мешавад. Мақомоти кумитаи марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, қочоқбарон бо истифода аз торикии шаб ба он сӯи марз фирор мекунанд, вале аз ҷойи ҳодиса 25 бастаи яккилоии ҳероин ва 1 туфангчаи хориҷӣ ёфт шудааст.

Аз аввали моҳи ноябр дар марзҳои Тоҷикистон беш аз 200 кило маводи мухаддир, 3 мил аслиҳа ва беш аз 3000 дона муҳимот гирифта шуда ва 61 марзшикан, аз ҷумла 55 шаҳрванди Афғонистон боздошт шудаанд.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG