Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши бакарати тавлидоти кони ангишти Фон-Яғноб


Кони ангишти Фон-Яғноби ноҳияи Айнии вилояти Суғд нисбат ба се соли пеш истихроҷи ангиштро 9 маротиба афзоиш додааст. Тайи 10 моҳи соли ҷорӣ ангиштканони ин корхона ҳудуди 14 000 тонна ангишт истихроҷ кардаанд. Акрам Қосимов, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Айнӣ мегӯяд, тавлидоти кони Фон-Яғноб асосан барои таъмини макотиб ва муассисаҳои дигари иҷтимоии давлатӣ бо маводи сӯхт дар фасли сармо истифода мешавад ва аз ҳисоби фурӯши ангишти Фон-Яғноб имсол 420 000 сомонӣ ба даст омадааст.

Акрам Қосимов гуфт, дар солҳои шӯравӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор надошт, чунки мақомоти вақт бо нархи гарон харидани ангишт аз конҳои Русияро афзал медонистанд. Вай афзуд, ки корхонаи кони ангишти Фон-Яғноб дар садад аст, соли оянда истихроҷи ангишт аз кони мазкурро ба 15 000 тонна ва то 2 соли дигар ба 50 000 тонна бирасонад.
Шоҳини Равшан, ноҳияи Айнӣ
XS
SM
MD
LG