Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари Олег Дерипаска ба Тошканду Сурхондарё


Рӯзи 2 декабр Олег Дерипаска, раҳбари ширкати русии "Базовий Элемент" ва молики ширкати "Русский Алюминий" ё худ РусАл дар Тошканд бо раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ҷузъиёти барномаи таҷдиди корхонаи алюминсозии Турсунзода баррасӣ кардааст. Ин корхона дар наздикии марзи Узбакистон воқеъ буда, фаъолияташ дар тӯли солҳо нигарониҳои зистмуҳитиеро аз он сӯи марз ба бор меовард. Олег Дерипаска аммо гуфтааст, бидуни хулосаи давлатҳои Тоҷикистону Узбакистон ва мутахассисон ширкати вай ба роҳандозии барномаҳои бузурге назири бунёди корхонаҳои алюминсозӣ дар Тоҷикистон даст нахоҳад зад.

Ширкати РусАл тайи 10 соли наздик ба иқтисоди Тоҷикистон ваъдаи тақрибан 1,5 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст ва аз ҷумла бар пояи ин маболиғ қарор аст, дар Тоҷикистон обанбору нирӯгоҳи Роғун, як корхонаи нави алюминсозӣ ва ду коргоҳи нав дар заминаи корхонаи алюминсозии Регар бунёд шавад. Олег Дерипаска раҳбарияти Узбакистон ва сокинони манотиқи бо ноҳияи Турсунзода Тоҷикистон ҳаммарзи Узбакистонро итминони хотир додааст, ки бунёди коргоҳҳои ҷадид дар корхонаи Регар таъсири манфие ба муҳити зисти ин қаламрав нахоҳад гузошт. Зимни сафараш ба Узбакистон раҳбари РусАл аз вилояти Сурхондарёи он кишвар, ки бо ноҳияи Турсунзода Тоҷикистон ҳаммарз аст, низ дидан кардааст.
XS
SM
MD
LG