Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

РАО ЕЭС хостори аз пардохти молиёт озод кардани нирӯгоҳи Сангтӯда -1 шуд


Ширкати давлатии нирӯи барқи Русия РАО ЕЭС изҳори умедворӣ кардааст, ки порлумони Тоҷикистон нирӯгоҳи аввали Сангтӯдаро то замони пурра сохта шуданаш аз пардохти ҳар навъ молиёт маъоф хоҳад кард. Василий Чернишенко, раҳбари намояндагии РАО ЕЭС дар Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, аз пардохти молиёт озод кардани ин нирӯгоҳ ҳамчун аломати ҳусни нияти давлати Тоҷикистон барои бунёди ҳар чӣ зудтари нирӯгоҳи аввали Сангтӯда ва ҷалби ҳар чӣ бештари сармоягузориҳо ба иқтисоди ин кишвар талаққӣ хоҳад шуд. Оқои Чернишенко умед дорад, ки порлумони Тоҷикистон ба ин манзур ба зудӣ дар Қонуни молиёти кишвар ислоҳоти лозимро ворид хоҳад кард.

Раҳбари намояндагии ширкати РАО ЕЭС дар Тоҷикистон гуфтааст, ки нирӯгоҳи Сангтӯда аз таърихи 15 апрели соли 2009 ба тавлиди нирӯи барқ шурӯъ хоҳад кард. Иқтидори ин нирӯгоҳ 570 мегаватт ҳисоб шуда, тавлидоташ имкон медиҳад, эҳтиёҷоти бозори дохилии Тоҷикистон бо нирӯи барқ таъмин ва як бахши тавлидоти он ба хориҷи кишвар ҳам содир шавад.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG