Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ тавлиди "нерӯи поки барқ"-ро ташвиқ мекунад.


Аз эҳтимол дур нест, ки барномаи СММ дар масъалаи рушди тавлиди ба истилоҳ "нерӯи поки барқ" бо истифода аз боду офтоб дар Конфронси Байналмилалии Тағйири иқлими олам дар шаҳри Монреали Канада дастгирии бештар касб намояд. Вале баъзе коршиносони соҳаи муҳити зист мегӯянд, ки барнома то ҳанӯз такмил наёфтааст.
Тавлиди "нерӯи поки барқ" бахше аз протоколи Киото мебошад. Агар ин барнома муваффақ шавад, шояд дар солҳои оянда тақрибан 100 миллиард сармоягузории хориҷӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ маҳз барои тавлиди нерӯи барқи безарар ва коҳиши истифодаи нерӯгоҳҳои истифодабарандаи маводи сӯхт, ки яке аз манбаъҳои гармшавии иқлим арзёбӣ мешавад, масраф хоҳад шуд.
Як мансабдори баландпояи ҳукумати Канада гуфт: "Дар конфронси байналмилалии тағйири иқлим дар Монреал ширкаткунандагон саъй доранд, буҷҷети солонаи барномаи тавлиди нерӯи поки барқро аз 6 миллион доллари феълӣ дар солҳои оянда то ба 10-15 миллион доллар афзоиш диҳанд". Бар пояи барномаи мазкур ва протоколи Киото кишварҳои саноатӣ дар мамолики олами сеюм барномаҳои тавлиди нерӯи барқи пок, яъне бидуни зарар ба иқлимро сармоягузорӣ хоҳанд кард. То кунун 42 лоиҳа татбиқ шудааст ва 500 лоиҳаи дигар дар ҳоли тарҳрезӣ қарор дорад.
Дар конфронси Монреал, ки аз 28 ноябр то нуҳуми декабр идома хоҳад дошт, ҳайъатҳои ҳукумативу ғайридавлатии 189 кишвари олам ҳузур доранд.
Рӯзи чоршанбе Конфронси Монреал "дастуруламал"-и протоколи Киоторо ба тасвиб расонд. Ин санад, ки дар соли 1997 имзо шудааст, роҳҳои коҳиши партоби бухорҳои саноатиро мадди назар дорад.
Вазири ҳифзи муҳити зисти Канада хонум Стефанӣ Дион гуфт, ки акнун протоколи Киото фаъол шуд. Бар пояи "дастуруламал" як Шӯрои Муштарак татбиқи протоколро назорат мекунад.
Масъалаи дигаре, ки дар Монреал мавриди баҳс қарор дорад, иқдомҳои мамолики олам баъди соли 2012 -ум , яъне хатми мӯҳлати протоколи Киото мебошад. Вале ин масъаларо дар нашри навбатии гуфтори "Барги сабз" баҳс хоҳем кард.
XS
SM
MD
LG