Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи баҳсҳо дар бораи интихоботи порламонии Тоҷикистон


Шерхон Салимов- раиси Кумитаи қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо ва бархе дигар аз созмонҳои байналмилалии нозир бар умури интихоботро ба корбурди сиёсати дугона айбдор кард. Оқои Салимов , ки дар як нишасти намояндагони аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва Намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе суханронӣ мекард гуфт, наҳваи баргузории интихоботи ахири порламонии кишвар ва махсусан наҳваи баргузории он дар шаҳри Душанбе аз сӯи нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ғайримунсифона арзёбӣ шудааст.

« Аагар аз ҷониби нозирони байналмилалии ғарб гӯем, барои ҳама фаҳмо мешавад, ки натиҷаҳои интихобот дар шаҳри Душанбе ғайриқаноатбахш эълон шуд. Ман шахсан аз ин норизо ҳастам, бигзор ақидаи шахсии ман боиси малоли хотири ОБСЕ нашавад, як шубҳае ба таври объективӣ баҳо додан аз ҷониби ҳам ОБСЕ ва ҳам аз ҷониби нозирини байналмилалии ғарб ба вуҷуд омад»

Шерхон Салимов гуфт, нозирини байналмилалӣ баргузории интихобот дар Афғонистон ва Ироқро дар вазъияти ҷангӣ истиқбол карданд, дар ҳоле, ки интихоботи порламонии Тоҷикистон аз сӯи онҳо мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буд.


Аммо Ҳикматулло Сайфуллозода - раҳбари дафтари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо радди чунин ин суханони раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон гуфт, баҳои дуруст ва воқеӣ ба баргузорӣ ва ҷамъбасти интихобот дар ин ё он кишварро вобаста ба вазъ ва шароити ҳамон кишвар додан дуруст аст. Оқои Сайфуллоҳзода гуфт, баргузории интихоботи парламонӣ дар Афғонистон новобаста ба ҳама камбуд ва иштибоҳот қобили дастгирист, зеро дар кишваре, ки бештар аз ду даҳсола ҷанг идома дошт, баргузории интихобот як падидаи нек аст ва ин як иқдоми мусбат ва комгоронаи Созмони Милали Муттаҳид аст, ки бо ҳама мушкилоти мавҷуд тавонист ин маъракаро дар Афғонистон анҷом диҳад.

"Бояд ҳар чизро дар ҷойи худ баҳо дод. Яъне падидаи интихоботе, ки дар Афғонистон буд, ин падидаи нек аст. Мо аз воқеияти интихоботи худ мегӯем, аз ҷомиаи босуботи худ, ки дорем ва чӣ гуна интихоботро натиҷагирӣ мекунем, аз ин ҳарф мезанем ва аз ин нолиш мекунем.»

Дар ҳамин ҳол, Абдуалӣ Тоҳиров-ёвари мушовири Намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури сиёсӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, бештари афроди мансабдор ва соҳибмақоми кишвар аз баҳои нозирини байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, дар робита ба интихоботи ахири порламонии Тоҷикистон изҳори нохушнудӣ мекунанд. Вай гуфт, ин ақида, ки нозирини байналмилалӣ равиши ғайримунсифона дар баробари интихоботи кишварҳои шӯравии пешинро пеш гирифтаанд, махсус таблиғ мешавад, ҳарчанд ин ақида нодуруст ва баҳсбарангез мебошад.

«Ин ақидаи шахсони алоҳида аст, ақидаи мансабдорон мебошад, ақидаю фикри мардум нест. Шояд ягон чизро дар назар дошта бошад, лекин ин баҳс металабад. Ин ба ҳақиқат рост намеояд.»

Ба ақидаи масъулини Намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон беэътиноии сартосарӣ ба асл ва ҳадафи интихобот, ки мероси замони шӯравии пешин аст ва низ огаҳии ками аҳолӣ аз қонунҳои вобаста ба интихобот аз мушоҳидоти дигари нозирини байналмилалӣ будааст, ки новобаста аз мавзеъгирии мақомот ва масъулин ифшо кардани онро вазифаи худ мешуморидаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба эътиқоди коршиносон бо наздик омадани замони интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон раванди интиқод аз созмонҳои байналмилалии нозир бар умури интихобот аз сӯи мақомот ва масъулин шиддат меёбад, то аз афзоиши нуфуз ва эътибори онҳо ҷилавгирӣ шавад.
XS
SM
MD
LG