Пайвандҳои дастрасӣ

Нахустин интернет-кафе дар Айнӣ


Ноҳияи Айнӣ-яке аз манотиқи куҳистонии Тоҷикистон тавассути иртиботи моҳвораӣ барои нахустин бор бо шабакаи ҷаҳонии интернет васл шуд. Ин корро ширкати Телеком Технолоҷии Тоҷикистон анҷом дод. Баъд аз васл бо шабакаи интернетӣ дар маркази ноҳия як интернет-кафе низ ифтитоҳ шуд ва акнун тавассути ин интернет -кафе сокинони ноҳия на танҳо бо дустону наздикони худ дар хориҷ мукотиба мекунанд, балки онҳо метавонанд аз тариқи телефони моҳвораӣ бо хориҷ гуфтугу низ анҷом диҳанд.
Илҳом Баҳромов-намояндаи ширкати Телеком Текнолоҷӣ дар водии Зарафшон ҳангоми гушоиши маркази мазкур гуфт, ифтитоҳи шабакаи ҷаҳонии интернет ва иртиботи телефони моҳвораии мавсум ба Ай- Пи-Телефония мардуми ноҳияи Айниро бо ҷаҳониён пайваст хоҳад кард. Ба гуфтаи вай, фаъолияти ин марказ заминаи ривоҷи кори тоҷирони маҳалӣ ва боло рафтани сатҳи иттилоъот дар ноҳияро фароҳам хоҳад кард. Оқои Баҳромов дар суҳбат ба родюи Оздоӣ гуфт, ҳадафи гушоиши чунин марказҳо, қабл аз ҳама таъмини дастрасии сокинони деҳоти дурафтодаи куҳистонӣ ба шабакаи ҷаҳонии интернет ва телефони моҳвораӣ мебошад:

"Ин марказ метавонад дар як вақт ба беш аз 300 мизоҷ дар бахши интернет, почтаи электронӣ ва телефони моҳвораӣ хидмат расонад. Дар баробари ин, мо омодаем хадамоти боимтиёзи шабакаи интернетӣ ва почтаи электрониро дар ихтиёри мактабҳои миёна қарор диҳем. Гуфтугуи телефонӣ тавассути ин марказ нисбат ба телефонҳои дигар 60 то 70 дарсад арзонтар аст"

Асолат Ҳасанова-як сокини ноҳияи Айнӣ аз гушоиши маркази мазкур истиқбол кард ва гуфт, ин марказ мушкили сокинонро барои васл шудан бо пайвандонашон дар кишварҳои хориҷӣ осон хоҳад кард:

"Мо аз гушоиши интернет бисёр хурсандем. Мо акнун метавонем бо шаҳрҳои дурдаст ва кишварҳои хориҷӣ гап занем. Хоҳарзодаи ман дар Курёи Ҷанубӣ донишҷу аст. Ҳоло ман бо вай метавонам бемалол гап занам. Пештар бо вай телефонӣ гап зада наметавонистам".

Илҳом Баҳромов-намояндаи Телеком Технолоҷӣ мегуяд, то нимаи дуввуми соли 2006 дар 15 деҳи ноҳияҳои Айниву Панҷакент ва Масчоҳ чунин марказҳо ба фаъолият оғоз хоҳанд кард.

Шоҳини Равшан, Айнӣ.
XS
SM
MD
LG