Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як рӯзи оддии мардуми оддӣ


Ассалому алейкум, ҳамнафасони азиз.
Шумо рӯзи ҷумъаи 25-уми ноябр куҷо будед? Бале ҳамин ҷумъаи гузашта. Куҷо будед? Саволи ман ба саволи муфаттише монанд шуд, ки шуморо дар ягон ҷиноят гумонбар гирифтааст. Хуб, ҳатман ягон ҷое будед. Кор, хона, сафар, зиёфат, масҷид, ресторан...
Дигарон куҷо буданд? Миллионҳо нафар аз аҳолии Тоҷикистон куҷо буданд? Намедонед. Дуруст, як шахс фақат дар як ҷо буда метавонад ва шоҳиди як ҳодиса. Имрӯз мехоҳем бубинем, дигарон дар куҷо буданд. Ҳамкорони ман -- Нилуфар дар деҳаи Пистмазори ноҳияи Ваҳдат буд, Абдураҳим дар Шамтучи ноҳияи Айнӣ ва Файз дар кӯчаи марказии Хоруғ, пойтахти вилояти мухтори Бадахшон. Имрӯз бо кӯмаки онҳо ба зиндагии мардум дар Тоҷикистон на аз зовияи хабарҳои муҳим, балки ҳамту, бе ягон пешдоварӣ менигарем, то ҷараёни як рӯзи оддиро мушоҳида кунем.
Рӯзи ҷумъа, 25-уми ноябри соли 2005-уми милодӣ, яъне асри бистуяк!

ҶАҲОН ДАР РӮЗИ ҶУМЪА

Рӯзҳои худо зиёданд, аммо на ҳар рӯз ба саҳифаи таърих ворид мешавад. Вақте мо, ҳамнафасони Озодӣ, аз субҳи ҷумъаи 25-уми ноябр ба атрофи худ нигаристем ва шоми он рӯз дидаву шунидаҳоро бо ҳам дар суфра гузоштем, маълум шуд, ки ин рӯз рӯзи таърихӣ нашудааст.
Ҳамту яке аз 365 рӯзи сол. Албатта, барои касе ки дар ин рӯз арӯсӣ дошт, он таърихист ва ё барои касе ки муовини вазири корҳои хориҷӣ таъин шуд, низ. Аммо дар сатҳи кишвар, на.
Чанд нишасту семинар, сафари сарвазири Тоҷикистон ба Маскав ва монанди инҳо.
Дар сатҳи ҷаҳон низ як рӯзи оддӣ. Чанд таркиш дар Ироқу Афғонистон, боз шудани гузаргоҳ аз навори Ғазза ба Миср, заҳролудшавии рӯдхонае дар Чин ва эҳтимоли бо оби Амур ба Русия ворид шудани заҳри бензол ва ғайра.

ПИСТАМАЗОР

Хуб, дар ҳамин рӯзи нотаърихии ҷаҳон, бо ҳамкорам Нилуфари Собир ба зиндагии аҳли деҳаи Пистамазори ноҳияи Ваҳдати Тоҷикистон нигоҳ мекунем.
Ин гузориш воқеан монанди навори киност. Агар онро ва ҳамаи барномаро гӯш кардан хоҳед, ин ҷумлаи сабзро фишор диҳед. Ва ё рамзи радиочаро дар охири сарлавҳаи асосӣ.
МУҲОҶИРОН. 25-УМИ НОЯБР. МАСКАВ.

Онгуна ки дар гузориши Нилуфар шунидем, як сокини деҳаи Пистамазор, ки якуним сол дар Русия кор кардааст, мехоҳад, барои ҳамдеҳагонаш майдони варзиш дуруст кунад. Ин майдон садҳо наврасро аз афтодани ба асорати марговарии маводи мухаддиир наҷот хоҳад дод. Дар тамоми дунё ҳукуматҳо майдони варзиш месозанд. Онгуна ки баъд аз рӯйдодҳои Фаронса, ҳукумати ин кишвар садҳо толору майдонҳои варзиш ва машғулият месозад, то ҷавононро аз беҳудагардӣ ва ҷиноят эмин гардонад. Дар Пистамазор ҷавонон, собиқ муҳоҷироне, ки дар Русия кор кардаанд, аз маблағҳои худ даст ба ин кори хайр задаанд.
Муҳоҷират ба як бахши ҷудоинопазири зиндагӣ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст. Шунидед, ки мегуфтанд, дар деҳа марду ҷавонписар хеле кам мондааст, зеро ҳама ба Русия рафтаанд.
Рӯзи 25-уми ноябр дар Маскав бо иштироки намояндагони ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон, созмонҳои байнулмилали ҳуқуқи инсон ва намояндагони муҳоҷирони тоҷик мизи гирд баргузор шуд. Мақсад аз ҳамоиш муайян кардани мақоми қонунии муҳоҷири тоҷик. Раиси созмони муҳоҷирони тоҷик дар Петербург Назар Мирзода ва фиристодаи муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Аштархони Русия Сироҷиддин Шамсиддинов ҳалли мушкили ҳуқуқии муҳоҷионро вазифаи ин нишаст номиданд.
Аммо оё ин нишастҳо то куҷо метавонанд, 25-уми ноябрро ба як рӯзи таърихии муҳоҷирони тоҷик табдил диҳанд? Савол ба раиси созмони муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Волгогради Русия, Сайидаҳмад Маҳмадов, ки мегӯяд, соли 2003-юм дар Душанбе ҳам ин мавзӯъҳо матраҳ шуданд, аммо ҳалле ба даст наомад ва бо вуҷуди ин нишасти Маскав умедворкунанда аст.
Намояндаи дастгоҳи президенти Тоҷикистон дар конфаронси Маскав Элмурод Турсунов гуфт, раҳбарияти кишвар аз ҳамаи мушкилиҳои муҳоҷирони тоҷик огоҳ аст ва медонад, ки ҳафтае ҷасади даҳ муҳоҷир ба Тоҷикистон фиристода мешавад, ки аз дасти нажодпарастон ва авбошон, аз беморӣ ё дар садамаҳои фаннӣ аз ҷони худ маҳрум шудаанд.
Вай гуфт, яке аз роҳҳои дастёфт ба ҳаққу ҳуқуқ барои муҳоҷирон таъсиси як созмони ягона ва сартосарии муҳоҷирон дар Русия аст.
Хушбахтона, рӯзи 25-уми ноябр ба Тоҷикистон ягон тобути оҳанӣ фиристода нашуд.

РӮЗИ КОРУ БАЗМ

Деҳаи Шамтуч дар миёни кӯҳҳои осмонхарош воқеъ аст ва дар ин ҷо офтоб ҳам зуд мешинаду зимистон ҳам зуд меояд.
Ҳоло бо кӯшишҳои ҳамкорам Абдураҳими Умарзод мебинем, ки рӯзи ҷумъаи 25-уми ноябр мардуми ин деҳа чӣ рӯзгореро ба сар бурд. Боз ҳам гузорише монанди навори синамо. Агар гӯш кунед, лаҳзае худро дар миёни аҳли ин деҳа эҳсос хоҳед кард. Ва боз ҳам масъалаи муҳоҷират. Ҳангоми мусоҳиба телефони ҳамроҳи ҳамсӯҳбати Абдураҳим занг зад. Маълум шуд, бародари муҳоюир аз Русия занг мезадааст ва аз хунукӣ шикоят дорад.

СУКУТИ ЗИНДАГӢ

Аз ҳамкорам дар Бадахшон Файзи Мирҳасан пурсидам, агар кас як рӯзи Бадахшонро диданӣ бошад, бояд куҷо равад. Гумон доштам, мегӯяд, ба сари Боғи ботаникии Хоруғ бояд рафту нишаст ва аз он ҷо ба поён ба шаҳр нигарист. Он гоҳ монанди парандае хоҳӣ буд, ки аз баландӣ чизе аз нигоҳат пинҳон намемонад.
Аммо Файз гуфт, барои ин бояд дар сари ягона роҳи пиёдагарди Хоруғ нишаст, зеро ҳама дар давоми рӯз камаш як бор аз ин ҷо хоҳад гузашт. Файз дар сари ин роҳ бо чандин нафаре мулоқот кард, ки зиндагии як рӯзи худро барояш ҳикоят карданд. Марде гуфт, ба фикри ӯ "зиндагӣ сукут кардааст, ҳаракате нест". Вале ба наслҳои нав маслиҳате дод. Пас ҳаракате нест, аммо умед ҳаст. "Охирин уммеди ин уммедворон зинда бод", навишта буд устод Лоиқ.
Хуб, ҳамнафасони сарбаланд, акнун ба назар мерасад, ба саволи аввали барнома ҷавоб пайдо шуд. Агар пурсанд, рӯзи ҷумъаи 25-уми ноябр дар куҷо будед, бояд посух дод, дар ватан ва бо мардум.
Чи мекардед?
Ҳамнафас будам...
XS
SM
MD
LG