Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо HIV/AIDS дар ҷаҳон ва дар Тоҷикистон


1 декабр бо ибтикори Созмони ҷаҳонии беҳдошт рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории камбуди масъунияти бадан ё худ AIDS ва вируси ангезандаи ин бемории қаттол HIV эълон шудааст. Дар ҳоли ҳозир, ҷамъи гирифторон ба ин AIDS ва HIV дар саросари ҷаҳон 40,3 миллион нафар ҳисоб шудааст. Аз ин шумор 17, 5 ним миллион нафараш занон ва 2 300 000 нафараш кӯдакони ноболиғи зери синни 15 будаанд. Бино ба оморҳо, танҳо дар соли ҷорӣ наздики 5 миллион нафари дигар, аз ҷумла 700 000 кӯдак ба вируси HIV печида, беш аз 3,1 миллион нафар бо шумули 570 000 кӯдак дар асари сирояти AIDS/HIV зиндагиро падруд гуфтаанд.

Минтақаи моварои Саҳрои Кабири Африқо бо беш аз 25 миллион мавриди сабтшудаи сирояти ин бемории кушанда минтақаи беш аз ҳама сироятзадаи ҷаҳон маҳсуб мешавад. Танҳо дар соли ҷорӣ дар ин қаламрав беш аз 3 миллион мавриди ҷадиди гирифторӣ ба HIV мушоҳида шуда, 2 миллиону 400 000 нафар имсол аз ҳамин беморӣ даргузаштаанд.

Минтақаи дигари хатарзо, ки бо таҳдиди афзояндаи шуюъи AIDS/HIV мувоҷеҳ аст, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Танҳо тайи 2 соли охир шумори гирифторон ба HIV дар ин сарзамин 25 дарсад афзуда, ба 1 милёну 600 000 баробар шудааст. Дар ин ду сол дар Шарқи Аврупо ва Осиёи Марказӣ 62 000 нафар дар асари сирояти HIV вафот кардаанд ва Украинаву Русия аз лиҳози суръати густариши сирояти HIV дар ҷаҳон дар ҷойи аввал меистанд.

Ба муносибати рӯзи ҷаҳонии мубориза бо AIDS дар кишвари африқоии Найҷерия бо ширкати мустақими президенти кишвар Олусегун Обасанҷо як раҳпаймоии пуриздиҳом ба масофаи 7 километр барпо шуд.
Чин эълом кард, ки ба як маъракаи густардаи маърифатӣ ба хотири таълими роҳҳои ҷилавгирӣ аз HIV-ро барои милёнҳо коргари муҳоҷир шурӯъ мекунад. Сарвазири Ҳинд Мунмаҳон Сингҳ аз мардум даъват кард, пардаи шармро канор гузошта, ба хотири пешгирӣ аз HIV дар бораи масоили ҷинсӣ озодтар гуфтугӯ кунанд.Оқои Сингҳ гуфт, барои табобати ин беморӣ бояд талошҳои ҷиддитар анҷом шавад: "Баробари рушди босуръати фанновариҳо ҳазинаи ташхис ва ҳамчунин табобати AIDS ва HIV поён меравад, вале на ба андозае, ки хубаш гуфта шавад. Ҳазинаи ин ҳама бояд дар оянда низ чунон поён равад, ки имкони дастрасӣ ба доруворро барои ҳамагон фароҳам созад."

Омори расмӣ шумори расмии гирифторон ба HIV дар Тоҷикистонро 506 нафар мегӯяд, вале ба назари созмонҳои фаъол дар риштаи мубориза бо HIV, теъдоди воқеъии мардуми сироятшуда дар кишвар метавонад ба маротиб аз ин омори расмӣ бештар бошад.Ин созмонҳо мегӯянд, акнун муҳоҷирати корӣ ба кишварҳои хориҷӣ низ дар баробари алоқаҳои беназмонаи ҷинсӣ ва истеъмоли маводи мухаддир тавассути сӯзандоруҳои нопок ба як манбаъи дигари сирояти эҳтимолии вируси HIV табдил ёфтааст.

Мақомоти Узбакистон шумори гирифторон ба ангали HIV дар ин кишварро ҳудуди 6 000 ҳисоб кардаанд.
Дар Узбакистон 15 маркази бузурги ташхиси ин беморӣ амал мекунад ва афроди хоҳишманд метавонанд бидуни ифшои ном дар тақрибан 200 бунгоҳи фаъоли тиббӣ дар гӯшаҳои гуногуни кишвар худро аз HIV ташхис кунанд.
Аммо бархе дар Узбакистон мӯътақиданд, ки ҳатто омори расмӣ аз тасвири манзараи комили вазъи гирифторӣ ба ин беморӣ дар кишвар оҷиз аст.
XS
SM
MD
LG