Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқод аз заъфи матбуъоти тоҷик


Коршиносони матбуъотии Тоҷикистон дар як конфронси илмӣ гуфтанд, ки вазъи аксари расонаҳои хабарӣ дар ин кишвар нигаронкунанда аст. Ба ақидаи коршиносони соҳа, дар матбуот ва расонаҳои электронии ахбор ҳанӯз сабк ва услуби кӯҳнаи замони Шӯравӣ нигоҳ дошта шуда, матнҳои пурғалати рӯзноманигорӣ, таҳлили ғайримунсифона ва нигориши берун аз чаҳорчӯбаи одоби касбӣ зиёд мушоҳида мешавад. Муҳаққиқон мегӯянд, вақти он расидааст, ки журналистикаи пешрафтаи ғарбро матбуоти муосири тоҷик низ меллоки амал қарор диҳад. Мурод Муродов- мудири кафедраи матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегуяд, сатҳи пасти дониши кормандони расонаҳои хабарӣ боиси он шудааст, ки рӯзноманигории тоҷик дар берун аз марз камтар эътироф шуда, пешрафтҳои чандон назаррас надорад:

"Дараҷаи таҳлил ва дараҷаи огоҳии журналистон дар кадом сатҳ аст, бо як назар афкандан ба рӯзномаҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Дар сатҳи паст қарор доштани таҳлилу тавзеҳ ва як навъ муайян нагардидани решаҳо ва сабабҳои объективии масъалаҳои мавриди назар нишонаи он аст, ки қудрати ҳамчун журналист дарк кардани ин соҳаҳо дар журналистони мо нест. Дар баробари омӯзонидани ҷавонон, донишҷӯёни журналистшаванда ба масъалаҳои технологияи рӯзноманигорӣ, ҳамчунин мафкураи онҳоро бояд бой ва ғанӣ гардонем".

Беҳрӯзи Шукруллоҳ- муҳаққиқи матбуоти тоҷик дар ин замина мегӯяд, огаҳии заъифи журналистон боъис шудааст, ки имрӯз дар сафаҳоти матбуоти даврӣ ҳатто таҳқиру бӯҳтон бидуни монеа чоп мешавад ва нашри ин гуна матолибро масъулин намунаи озодии баён ва матбуъот арзёбӣ мекунанд:

"Дар вақти масъала гузоштан бевосита таҳқир мекунанд ягон нафарро. Ана ҳамин таҳқиркуниҳо феълан дар матбуот бештар мешавад. Таҳқир кардан ҳам мувофиқи қонуни матбуот ва этикаи журналистӣ манъ аст. Ҳатто, дар сарлавҳаҳо низ таҳқир эҳсос мешавад. Масалан, дар яке аз шумораҳои ҳафтаномаи «Оила» мақолае бо чунин сарлавҳа омадааст: «Номуси духтари тоҷик чанд пул меистад?» Айнан ҳамин хел ва мисолҳои аз ин дағалтар ҳам мушоҳида мешаванд".

Аммо баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки барномаҳои таълимӣ дар бахшҳои рӯзноманигории мактабҳои олии Тоҷикистон бояд тағйир ёбад ва бо барномаҳои таълимии донишгоҳҳои пешрафтаи дунё мувофиқ карда шавад. Ба ақидаи онҳо, дар бахшҳои рӯзноманигории донишгоҳҳои ин кишвар таълим тибқи барномаҳое сурат мегирад, ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ таҳия шудаанд ва ба хостҳои замона ҷавобгӯ нестанд. Дар ҳамин ҳол, Хуршеди Ниёзов- устоди собиқи факултаи рӯзноманигорӣ пешниҳод кард, ки бояд дар ин факулта рӯзноманигорони касбӣ низ барои гузаронидани дарсҳои амалӣ даъват шаванд, аммо мақомоти раҳбарии донишгоҳ аз даъвати онҳо худдорӣ мекунанд.
Масъулини расонаҳо ва мақомоте, ки рӯзноманигорони ҷавонро барои фаъолият даъват мекунанд, аз сатҳи дониш ва омодагии касбии онҳо қаноматманд нестанд. Ҳамзамон Абдулазизи Восеъ- хатмкунандаи факултаи рӯзноманигории донишгоҳ низ бовар надорад, ки донишҳои дар ин ришта андӯхтааш дар оянда барои фаъолияти касбии вай кофӣ бошад, зеро рӯзноманигорӣ мунтазам пешрафт мекунад, аммо барномаҳои таълимӣ дар ин факулта то ҳол кӯҳнаву камранганд:

"Алъон шароити лозимаи таҳсил дар факултаи рӯзноманигорӣ мавҷуд нест. Масалан, донишҷӯёне, ки алҳол дар ин ришта таҳсил мекунанд ва оянда ин даргоҳро хатм мекунанд, бо ин сабку услуби эҷоде, ки дар факултаи рӯзноманигорӣ аз бар кардаанд, метавонанд танҳо дар телевизиони давлатии Тоҷикистон фаъолият дошта бошанд. Дар ҷумҳурӣ шабакаҳои зиёди радио ва телевизионӣ ва расонаҳои дигари мустақил фаъоланд, аммо донишҷӯёни мо наметавонанд бо ин донишҳои назариявӣ дар ин расонаҳои мустақил кор кунанд. Чун рӯзноманигории муосир тамоман талабот ва вижагиҳои дигар дорад".

Матлубаи Додихудо- муҳаррири бахши хабарии радиои мустақили «Ватан» мегӯяд, ӯ факултаи рӯзноманигориро бо дипломи сурх хатм кардааст, вале танҳо баъди ба ин радио омадан кори радиоро омӯхтааст:

"Чи тавр сурат гирифтани кор дар радиоро дар донишгоҳ мо танҳо назариявӣ меомӯхтем, муаллимон ба мо нишон намедоданд, ки дар радио чӣ гуна бояд кор кард, кадом хабар чӣ гуна бояд таҳия шавад. Ин набуд. Пас аз он ки ман ба ин радио омадам, ҳама чизро дар ҳамин ҷо омӯхтам".

Ба пиндори коршиносон, рӯзноманигории тоҷик ҳудуди 50 сол аз рӯзноманигории ғарб ақиб мондааст ва барои беҳбуд бахшидан ба вазъи матбуоти даврӣ пурзӯр кардани робитаи муҳассилини бахшҳои рӯзноманигории донишгоҳҳо бо расонаҳои хабарӣ, боз кардани марказҳои муосири фаннӣ барои рӯзноманигорони ҷавон ва тағйири барномаҳои таълимӣ ва ба талаботи замон мувофиқ кардани он лозим аст.

Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG