Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи охирини боз як воҳиди низомии Русия дар Тоҷикистон


Рӯзи панҷшанбеи якуми декабр фаъолияти баталйони мухобиротии Раёсати хадамоти федеролии марзбони Русия дар Тоҷикистон расман қатъ гардид. Александр Кондратев, сухангӯи нирӯҳои марзбони Русия дар Тоҷикистон гуфт, баталйони 118 -уми мухобироти марзбони Русия соли 1938 дар шаҳри Тошканди Ӯзбакистон таъсис шуда ва ҷиҳати таъмини мухобирот ба нирӯҳои марзбонӣ муваззаф гашта буд. Як рӯз қабл маросими таҳвили бунгоҳи вижаи таъминот ва анбори нигаҳдории Раёсати хадамоти федеролии марзбони Русия ба ихтиёри кумитаи марзбонии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он Нуралишо Назаров, фармондеҳи нирӯҳои марзбони Тоҷикистон ва Николай Кашарин, сардори раёсати хадамоти федеролии марзбони Русия дар Тоҷикистон ширкат доштанд. Ба гуфтаи Александр Кондратев, сухангӯи нирӯҳои федеролии марзбони Русия дар Тоҷикистон, феълан, нирӯҳои марзбони тоҷик аз ҳамтоёни руси худ амволи манқул ва ғайриманқул баробар ба 500 миллион рубли русиро пазируфтанд. Ва аммо дар мавриди бунгоҳи вижаи таъминот оғои Кондратев гуфт, вазифаи он иборат аз фароҳам сохтани шароити мусоиди молӣ ба воҳид ва қисмҳои низомии Хадамоти марзбони федеролии Русия дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон буд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG