Пайвандҳои дастрасӣ

Беҳтаринҳо дар Осиё


Ҳамад Ал-Мунташарӣ, бозигари 23-солаи тими мунтахаби миллии Арабистони Саудӣ ва бошгоҳи «Ал -- Иттиҳод»-и Ҷидда беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2005 эътироф шуд ва бо ҷоизаи AFC - Конфедератсияи футболи Осиё сарфароз гашт. Ҷоизаи дуввум ба Максим Шатских, ҳамлагари дастаи мунтахаби миллии Узбакистон эҳдо шуд.

Насуко Хара, узви тими мунтахаби занонаи Ҷопон беҳтарин футболбоззани Осиё гардид.

Сабуро Кавабучи, раиси Созмони футболи Ҷопон барои саҳми арзандааш дар рушди футбол аввалин барандаи «Алмоси Осиё» шуд.

Ҳамчунин тими мунтахаби Ҷопон беҳтарин дастаи миллӣ ва дастаи мунтахаби духтаронаи ин кишвар беҳтарин дастаи мунтахаби занонаи қорраи Осиё дониста шуданд.

Шамсул Майдин аз Сингапур беҳтарин довар, «Ал - Иттиҳод»-и Арабистони Саудӣ беҳтарин бошгоҳ, Чо Мон Хо аз Куриёи Шимолӣ беҳтарин футболбози ҷавони сол гардиданд.

Ассотсиатсияи футболи Қатар беҳтарин созмони миллӣ дониста шуд. Тими мунтахаби футзоли Эрон - қаҳрамони ҳафткаратаи Осиё беҳтарин дастаи футболи хурди қорра эътироф гашт.

Вале имсол ҷоизаи беҳтарин мураббии сол аз сабаби набудани номзади сазовор супурда нашуд. Ба ҳамаи дастаҳои мунтахабе, ки Осиёро дар Ҷоми ҷаҳон-2006 намояндагӣ хоҳанд кард ва ҳамчунин ба бошгоҳҳои зӯртарини қорра мураббиёни хориҷӣ раҳбарӣ мекунанд.

Маросими мукофотсупорӣ дар меҳмонхонаи «Мандарин Ориентал»-и Куала Лумпур доир шуд.
XS
SM
MD
LG