Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Якуми декабр -- Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо AIDS


Дар робита бо рузи ҷаҳонии ЭЙДз ё СПИД дар баъзе аз кишварҳо гуруҳҳои ташаббускор роҳпаймоӣ анҷом доданд, то бад-ин васила мардумро аз хатари ин беморӣ огаҳ кунанд. Австралия эълон кард, ки 7 милён доллар ба Ҳиндустон кумак мекунад, то дар ин кишвар бо ин беморӣ мубориза анҷом бигирад. Дар Чин маъракае оғоз шудааст, ки дар ҷараёни он милёнҳо нафар муҳоҷирони корӣ барои ҷилавгирӣ аз густариши ангезандаи СПИД омузиш мебинанд. Ҳоло аз 40 милёну 300 ҳазор гирифторони ангезандаи Эйч Ай Вӣ ё ВИЧ СПИД дар саросари ҷаҳон 700 ҳазор нафарашонро кудакон ва ҷавонони то синни 15 сола ташкил медиҳад. 38 милён нафар калонсолон ба ин ангезанда мубтало шудаанд. Бино ба маълумоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, аз ин беморӣ 3 милёну 100 ҳазор даргузаштаанд, ки 570 ҳазорнафари онҳо кудакону ҷавонони то 15 сола будаанд.

Петер Пиот, мудири Барномаи Созмони милали муттаҳид (СММ) дар мубориза бо HIV/AIDS ба муносибати Рӯзи ҷаҳонӣ гуфт, дар соли 2005 шумораи гирифторони HIV ба баландтарин нуқта дар таърихи ин беморӣ, ба 40 миллиону 300 ҳазор нафар расида, ними ин маризонро занон ташкил медиҳанд.
Вай гуфт, 25 сол аст, ки аҳли башар бо сирояти AIDS рӯбарӯст ва дар ин муддат як сабақ гирифта шуд: кишварҳое ки ба пешгирии беморӣ сармоя мегузоранд ва гирифторонро табобат мекунанд, метавонанд, густариши сироятро боздоранд ва коҳиш диҳанд. Имсол бори 18-ум аст, ки Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо HIV/AIDS қайд карда мешавад.
Дар гузориши СММ аз идомаи сирояти беморӣ дар Русия, Украина, Осиёи Марказӣ ва Эрон изҳори ташвиш шуда, омадааст, ки 1 миллиону 600 ҳазор нафар дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бо ангали HIV ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG