Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақзи ҳуқуқи гирифтори HIV/AIDS дар Тоҷикистон


Ду даҳсола аст, ки ҷаҳон дар банди ин бемории кушанда қарор дорад ва ба гуфтаи Созмони Милал дар саросари ҷаҳон феълан 40 миллион нафар, ҳашт баробар бештар аз аҳолии Тоҷикистон гирифтори бемории HIV/AIDS ҳастанд. Дар Тоҷикистон тибқи омори расмӣ беш аз 500 нафар гирифтори вируси норасоии масӯнияти бадан ҳастанд. Аммо як маъракаи аслии рӯзи ҷаҳонии мубориза бо AIDS ду нафар шурӯъ мекунанд, ки гирифтори вируси норасоии масунияти бадан ҳастанд. Дар Тоҷикистон ба гуфтаи созмонҳои ғайридавлатӣ, падидае роиҷ аст, ки гирифторони бемории мазкурро таъна ва ҳуқуқи онҳоро поймол мекунанд.

Дар ин бора бо масъули Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид барои мубориза бо бемории HIV/AIDS дар Тоҷикистон Руқия Фeррeл мусоҳибае доштам ва нахуст аз у пурсидам, то кадом андоза нақзи ҳуқуқ ва беэътиноӣ ба беморони гирифтори вируси норасоии масӯнияти бадан дар Тоҷикистон зиёд аст:

"Дар аввал мехоҳам таъкид кунам, ки мо чунин маворидро расман сабт накардаем, аммо созмонҳо ва афроде, ки бо гирифторони HIV/AIDS кор мекунанд, ба мо маълумот доданд, ки мавридҳое буданд, ки духтурон аз табобати гирифторон ва расонидани кӯмакҳои тиббӣ ба онҳо худдорӣ кардаанд. Аммо бояд гуфт, ки тарс аз расонидани кӯмак ба гирифторони беморӣ аз ноогиҳии табибон сарчашма мегирад, чаро ки бисёр аз кормандони хадамоти тиббӣ намедонанд, ки худро чӣ гуна ҳифз кунанд. Ҳамчунин дар Тоҷикистон васоили муҳофизатии тиббӣ, аз қабили дастпӯшакҳо намерасанд. Чун бемории HIV/AIDS барои мо нав аст ва онҳо бо чунин беморон рӯ ба рӯ нашудаанд, чунин ҳодисаҳо рух медиҳанд."

Агар доир ба мавориди мушаххаси нақзи ҳуқуқи гирифторони HIV/AIDS дар Тоҷикистонро шунидан мехоҳед, ин ҷоро ангушт занед ва мусоҳиба бо Зевар Комилова раҳбари созмони ғайридавлатии "Гули Сурх"-ро бишнавед, ки сарнавишти талхи се нафарро ҳикоят мекунад.

Аммо чӣ бояд кард, то ки аз нақзи ҳуқуқи беморони гирифтони HIV/AIDS ҷилавгирӣ шавад?

Руқия Феррел: "Барои ин бояд сатҳи огоҳии мардум, ва ҳамчунин кормандони соҳаи беҳдоштиро боло бурд. Ба ҳамин хотир тибқи барномаи мубориза бо бемории HIV/AIDS мо бахшида ба рӯзи ҷаҳонии муқобила бо ин беморӣ, мо чорабиниҳо доир мекунем, аз ҷумла сӯҳбатҳои мизи гирд мегузаронем ва ҳамчунин тадобире барои ҷилавгирӣ аз табъиз дар миёни кормандони тиббӣ анҷом медиҳем. Ҳамчунин озмун беҳтарин навишта доир ба мубориза бо бемории HIV/AIDS дар миёни бемористонҳоро эълон кардаем. Аммо муҳимтар аз ҳама боло бурдани сатҳи огоҳии тамоми аҳолӣ аст."

Чун доир ба сатҳи огоҳии мардум гуфтед, як суол дар ин робита. Шумо ба сатҳи огоҳии ҷавонони тоҷик дар бораи бемории HIV/AIDS баҳои чанд мегузоред:

"Тибқи пажӯҳиши Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар соли 2004-2005 сатҳи огоҳии мардум доир ба ин беморбӣ 42 фоиз будааст, ки нишондиҳандаи чандон хубе нест. Ва барои ҳамин мо фаъолияти худ ва бисёр барномаҳои тағиботии худро дар миёни хонандагони макотиби миёна ва донишҷӯён мегузаронем ва дар он ҷо доир ба роҳҳои сирояти беморӣ ва ҷилавгирӣ аз онро ба онҳо мефаҳмонем. "

Ин ҷумларо клик кунед ва суҳбатҳои худи ҷавонони тоҷикро бишнавед.

Оё барномаи мушаххасе ҷиҳати табобати гирифторони вируси норасоии масӯнияти бадан дар Тоҷикистон рӯи даст гирифта мешавад?

Руқия Феррел: "Соли оянда мо ба табобати 50 нафар гирифтори вируси норасоии масунияти бадан шурӯъ мекунем. Ин роҳи табобат бо истифода аз доруҳое сурат мегирад, ки намегузоранд, шумори вирусҳо дар таркиби хуни инсон зиёд шавад. Ва дар тӯли панҷ соли оянда мо дар доираи барномаи Бунёди глобалӣ, ки ба мубориза бо бемории HIV/AIDS ва табларза машғул аст, ба 500 нафар гирифторони бемории вируси масунияти бадан дар Тоҷикистон бо табобат фаро гирифта мешаванд."

Хонум Руқия Феррел гуфт, бо мусоидати онҳо ва созмони ғайридавлатии "Гули Сурх" дар театрҳои Душанбе драммае бо номи "То реша дар об аст..", намоиш дода мешавад, ки ҳадафи он ҷилавгирӣ аз нақзи ҳуқуқи гирифторони беморӣ ва боло бурдани сатҳи огоҳии мардум доир ба бемории HIV/AIDS аст.
XS
SM
MD
LG