Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳошияи нишасти Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав


Дар ҳамоиши вазирони хориҷаву дифоъ ва дабирони Шӯрои амнияти миллии кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар Маскав мавзӯъи таҳкими равобити низомӣ, ҷилавгирӣ аз хатари терроризм ва ҳамкорӣ бо НАТО ва ё Паймони Атлантикаи Шимолӣ баррасӣ шуд. Дар ин ҳамоиш кишварҳои узви Паймон сари мавзӯъи мураттаб сохтани феҳрасти гурӯҳу созмонҳои террористӣ дар қаламрави собиқ шӯравӣ ва таълиму тадриси афсарони оянда ба мувофиқа расиданд. Рӯзи чаҳоршанбеаҳли нишасти Паймони амнияти дастаҷамъиро раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба ҳузур пазируфт.

Павел Фелгенгауер, коршиноси низомии рус дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Родиёи Озодӣ гуфт, аз соли 1992 ба ин сӯ, аз замоне, ки дар Тошканд чанд кишвари собиқ шӯравӣ созишнома дар бораи ташкили Созмони амнияти дастаҷамъиро имзо карданд, интизор мерафт, ки ба зудӣ ҳама кишварҳои Ҷомеъаи муштаракулманофеъ ба ин созмон шомил шаванд. Ва аммо ин фикр ботил баромад, зиёда аз ин Узбакистон ин ниҳодро тарк гуфт. Ва фақат соле пеш роҳбарони кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ фаъолияти онро таҷдиди назар карданд.

Ва аммо суоле матраҳ аст, ки ин Паймон то куҷо метавонад ба як неруи пуриқтидор ва муассир табдил ёбад? Аслан, ба гуфтаи Павел Фелгенгауер, ҳадафи аслӣ аз таъсиси Паймони амнияти дастаҷамъӣ ҳамоиши дубораи низомӣ дар қаламрави собиқ шӯравист: "Баъди суқути шӯравӣ Русия қариб ки бе муттаҳидин монд ва имрӯз шарикони наздиктаринаш - Арманистон ва Беларус маҳсуб мешаванд. Албатта, кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам ҳастанд, ва аммо онҳо худро гоҳ ба ин сӯ мезананд, гоҳ ба он сӯ, яъне метавон гуфт, ки онҳо пешгӯинашавандаанд. Бигирем, Тоҷикистонро. Солҳои 90 ум режими Раҳмонов ба истилоҳ аз дасти Русия нон мехӯрд, ва аммо баъди хатми ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз ҷумла, мо тавонистем онро бо имзои созишномаи сулҳ анҷом диҳем, ва баъди суқути режими Толибон дар Афғонистон, худро он қадар побанди Русия эҳсос намекунад ва сиёсати нисбатан мустақилонаро пеш мебарад. Албатта, Кремл ва роҳбарони феълии Руссия ба гунае хоҳиши эҳёи шӯравии пешинро доранд, ва аммо на ба шакли Иттиҳоди шӯравӣ, балки аз тариқи ҳамоиши ҷадиди қаламрави собиқ шӯравӣ. Ва мехоҳанд дар ин қаламрав нерӯи асосиву пешбаранда бошанд. Ҳоло ин раванд идома дорад, раванди ҳамоиши иқтисодӣ тавассути фазои ягонаи иқтисодӣ, ҳамоиши сиёсӣ - тавассути Ҷомеъаи кишварҳои муштаракулманофеъ ва ҳамоиши низомӣ аз тариқи Паймони амнияти дастаҷамъӣ. Зимнан, ҳоло умед аст, ки Тошканд дубора ба ин созмон бармегардад. Яъне барномаи ҳамоиш дар се бахш - сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ - имрӯз дар Маскав хело маъмул аст ва аммо, мутаассифона, ҳанӯз муваффақ нест."

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Павел Фелгенгауер, Паймони аманияти дастаҷамъӣ ҳоло ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ аст ва як мушкили умда он аст, ки ҳар кишвар талош дорад дар чаҳорчӯби ин Паймон аз манфиатҳои худ дифоъ кунад: "Ҳамчун созиши миёни кишварҳо Паймон мехоҳад, ки ҳатман нерӯҳои пуриқтидори ягона ташаккул ёбанд. Ситоди НАТО ҳам дар даврони осоишта чанд ҳавопаймои "Авакс" ва чанд киштии зудамалро дар ихтиёр дорад, ки воҳидҳои муштарак маҳсуб мешаванд ва аммо дигар неруҳои низомӣ таҳти фармони кишварҳои худ қарор доранд ва фақат дар сурати зарурӣ ба ихтиёри ситоди низомӣ вогузор мешаванд. Ин систем дар НАТО ба танзим даромадааст ва аммо дар Паймони амнияти дастаҷамъӣ ҳанӯз ба мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ аст, ҳарчанд бояд ин мушкилиҳо хело кам бошанд, зеро ҳама кишварҳои узви Паймон дар ихтиёрашон силоҳи истеҳсоли шӯравӣ доранд ва ҳама амру фармонҳо дар ин артишҳо бо забони русӣ сурат мегирад. Аз нигоҳи ман, мушкилоти аслӣ дар иродаву хоҳиши сиёсии кишварҳои узви Паймон аст. Паймон худро ҳамчун ниҳоди низомӣ ҳанӯз ба ҳеҷ сурате намоиш надодааст ва ягон амалиёти муваффақро ҳам анҷом накардааст. Ва рӯшан нест, ки он дар оянда ба ниҳоди нерӯманду муассир табдил меёбад ё на, зеро ҳар кишвар манфиати худро думбол мекунад, Бигирем, Арманистон ба он хотир наздиктарин муттаҳиди Руссия шудааст, ки ҳам аз Озарбойҷон ва ҳам аз Туркия хафв мебарад. Беларус қонуне қабул кардааст, ки тибқи он ягон сарбози худро берун аз қаламрави кишвар барои анҷоми амалиёти низомӣ намефиристад ва ба ягон кишвари дигар кӯмаки низомӣ намерасонад, ҳарчанд узви Паймони амнияти дастаҷамъист. Тоҷикистон ҳам манфиатҳои худро ҳифз мекунад, яъне то ҳол маълум нест, ки ин кишварҳо метавонанд якҷоя амал кунанд ё на."
XS
SM
MD
LG