Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рангҳои нави "оинаи нилгун"


Коршиносон ва муҳаққиқони соҳаи телевизион ва радиои тоҷик тез-тез иваз шудани ҳайати роҳбарикунандаи Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистонро бо он алоқаманд медонанд, ки ҳанӯз дар ин мақомот мутахассисони касбӣ ва кадрҳои хуб каманд ва на ҳамеша кори идориро ӯҳда мекунанд. Тайи чанд соли ахир Кумитаи телевизион ва радио барои сеюмин бор раиси худро иваз кард ва ҳамакнун Асадуллоҳ Раҳмонов дар садри ин кумита қарор дорад. Воқиъан, Асадуллоҳ Раҳмонов 32 сол дошта, ҷавонтарин узви ҳукумати вақт ба шумор меравад.

Ва аммо бархе аз коршиносон сабаби муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радио таъйин шудани Абдураҳмон Абдуманнонов, собиқ масъули бахши фарҳанги дастгоҳи раёсати ҷумҳуриро дар камтаҷрибагии раиси феълии ин кумита медонанд. Ба ақидаи Акбар Кабиров, муҳаққиқи соҳаи телевизион ва радиои тоҷик, ҳукумат оқои Абдуманноновро маҳз барои идораи кори кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ фиристодааст, зеро дар ин кумита ба як чунин шахси фарҳангӣ ва дар кори идорӣ пуртаҷриба ниёз доранд.

Дар ҳамин ҳол, Сангин Гулов, коршиноси дигари соҳа бар ин назар аст, ки раёсати феълии кумита аллакай ба комёбиҳо расидааст ва фаъолияти бонизом дорад. Ба гуфтаи ӯ, ин ки дар аснои раёсати Асадуллоҳ Раҳмонов шабакаи дуввуми телевизиони давлатии «Сафина» рӯйи кор омад, далели гуфтаи болост. Вай мегӯяд, тағйироти ахири кадрӣ дар Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон танҳо ба хотири беҳбуд бахшидан ба кори ин соҳа сурат гирифтааст: "Шахси нави омада идеяҳои нав дорад ва дасти ӯ мерасад, ки идеяҳояшро дар ин ҷо амалӣ кунад. Абдураҳмон Абдуманнонов як чеҳраи адабӣ ва фарҳангии тоҷик аст, ки дар солҳои 70 ва 80 ҳамчун мунаққиди хеле хуби соҳаи адабиёт фаъолият дошт, солҳои 90-ум ба ҳайси яке аз роҳбарони Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон фаъолият кард ва то ба дараҷаи сардори идораи фарҳанги дастгоҳи иҷроияи президент расид. Имрӯз, ки ӯ муовини аввали раиси кумситаи радио ва телевизион таъйин шудааст, ман гумон мекунам, ки боз ҳам сиёсати давлати Тоҷикистонро дар соҳаи радио ва телевизион амалӣ мекунад ва аз мавқеъи давлат ва ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад."

Абдураҳмон Абдуманнонов, муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ аллакай дар рӯзҳои нахустини сари кор омаданаш изҳор дошт, ки аз сифати барномаҳои телевизион ва радиои давлатӣ қонеъ нест ва аз ин лиҳоз, имкон дорад дар дохили ин кумита низ тағйироти кадрӣ сурат гирад: "Тағйироти кадрӣ сабабаш ин аст, ки ҳар кас бояд дар мақоми худаш, дар ҷойи худаш кор кунад. Соҳаҳои фарҳангу эҷод, барномаҳои иҷтимоӣ, барномаҳои сиёсӣ, ин ҳама албатта дар масъулияти ман ҳастанд. Вақте ки ман ба ин вазифа таъин мешудам, аз ҷониби сарвари давлат ҳам супориш гирифтам, ки ҳамаи ин барномаҳоро омӯзам ва барои сифатан тағйир додани онҳо бояд иқдомҳои ҷиддӣ бикунем."

Ҳамзамон Садриддини Шамсиддин, раиси телевизиони давлатии Тоҷикистон мегӯяд, бо омадани шахсиятҳои нав дар раёсати кумита фаъолияти ин ниҳод боз ҳам пурзӯр хоҳад шуд: "Устод Абдураҳмон Абдуманнонов шахсияти шинохта ҳастанд дар ҷумҳурӣ ва фикр мекунам, ки албатта, саҳми эшон дар беҳдошти барномаҳои телевизион ва, умуман, пешрафти соҳа муассир хоҳад буд."

Дар ҳамин ҳол, Умаралии Сафаралӣ, котиби масъули нашрияи «Миллат» бар ин назар аст, ки ҷиҳати пурзӯр кардани маъракаи тарғибу ташвиқи сиёсати раиси ҷумҳурӣ Абдураҳмон Абдуманнонов ба Кумитаи телевизион ва радио сафарбар шудааст, зеро телевизион ва радиои давлатӣ як воситаи муассири таблиғотӣ ба шумор меравад: "Пештар Абдураҳмон Абдуманнонов масъули дафтари матбуоти Комиссияи марказии интихобот буд, яъне ки як таҷриба дорад дар корҳои тарғиботӣ. Дар арафаи интихоботи президентӣ, ки эҳтимол аст Эмомалӣ Раҳмонов, президенти кунунӣ номзадиашро дубора пешбарӣ кунад, Абдураҳмон Абдуманнонов тавассути фаъолият дар кумитаи телевизион ва радио, ки як воситаи бисёр пурқуввати тарғибот аст, метавонад барои боз ҳам ба сари қудрат омадани Раҳмонов кӯмак кунад."

Раёсати нави Кумитаи телевизион ва радио изҳор кард, ки шурӯъ аз соли нав пахши барномаҳои шабакаи аввали телевизиони давлатӣ ба 18 соат дар як шабонарӯз афзоиш ёфта, намоишҳояш аз тариқи моҳвора дар тамоми ҷаҳон қобили дарёфт хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG