Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти В.Путин бо вазирони Паймони амнияти дастаҷамъӣ


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия рӯзи чоршанбе дар Кремл бо вазирони умури хориҷа, дифоъ ва дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дидор ва мулоқот кард. Дар мулоқот вазирон ва дабирони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ҳузур оштанд. В.Путин тайи суханони худ аз кишварҳои узви Паймон даъват кард, ки барои мубориза бо хатароти мавҷуд муттаҳид шаванд: "Кишварҳои узви Паймонро густураи воҳиди бидуни марз ба ҳам мепайвандад. Дар ин густура мардумони мо озодона ҳаракат мекунанд. Ҳамчунин мо системаи воҳиди ҳамлу нақл ва энержӣ дорем. Ин густура ба гурӯҳҳои ҷиноӣ имкони тавсеъаи фаъолият медиҳад, вале барои мо ҳам имкони муқовимат ба ин хатар дода шудааст."

Лозим ба ёдоварист, ки Владимир Путин барои як сол вазифаи раиси Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро бар ӯҳда дорад. Вай ба ин мақом дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Паймон моҳи июн дар Маскав интихоб шуд. Тавзеҳ шудааст, ки Паймон аслан ба манзури тавсеъаи ҳамкориҳои низомии кишварҳои узв бо ибтикори Маскав ташкил шуда, аммо яке аз самтҳои умдаи фаъолияти вай эҷоди ҳамоҳангии сиёсии давлатҳои узв доир ба масоили мубрами байналмилалӣ низ мебошад.

Дар ҷаласае, ки вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Паймон пеш аз мулоқот бо В.Путин баргузор карданд, авзоъ дар Афғонистон баррасӣ гардид ва ширкатдорони ҷаласа иброз доштанд, ки нирӯҳои низомии кишварҳои ғарбӣ авзоъ дар ин кишварро натавонистанд ба эътидол биёранд ва дар натиҷа аз Афғонистон ба кишварҳои муштаракулманофеъ қочоқи маводи мухаддир афзоиш ёфт. Ба эътиқоди онҳо, ягона роҳи бурунрафт аз ин мушкил иттиҳод бо эътилофи Атлантикаи шимолӣ мебошад. Бино ба гуфтаи вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров, дар ҷаласа пешниҳоде ҳамоҳанг шудааст, ки онро Русия ба ҳайси раиси Паймон, ҳафтаи оянда ба иҷлоси Шӯрои Русия - НАТО ироъа мекунад.

Қаблан вазирони дифоъи кишварҳои узв низ ҷаласа доир карданд, ки дар он Русия омодагии худро барои омӯзиш ва парвариши низомиёни кишварҳои узви Паймон дар беш аз 40 донишгоҳ эълом кард. Дар ҷаласаи дабирони Шӯрои амният рӯзи сешанбе тасмим гирифтанд, ки барои муборизаи судманд бо тероризм феҳрасти ягонаи созмонҳои терористӣ ва ифротие, ки ба амнияти кишварҳои узв таҳдид мекунанд, тартиб дода шавад. Ин дар ҳолест, ки бархе аз расонаҳои хабарӣ, ин нишастҳои ҳамзамонии Паймони Амнияти Дастаҷамъиро гирдиҳамоии анъанавии тирамоҳии ниҳодыои марбут ба Иттиҳоди кишварҳои Муштаракулманофеъ унвон кардаанд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG