Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳори бехабарии Душанбе аз сарнавишти муҳоҷироне, ки аз Қазоқистон ихроҷ шудаанд


Мақомоти Тоҷикистон дар мавриди сарнавишти муҳоҷирони тоҷик, ки ахиран аз Қазоқистон берун кашида шуданд, изҳори бехабарӣ карданд. Абдусамад Шеров, муовини вазири кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ изҳор намуд, ки вазорат маҳз аз ин ҳодиса иттилоъ надорад, вале дар чанд мавриди дигар ба қазияҳои берункашӣ ва мушкилоти дигари дигари муҳоҷирони кории тоҷик расидагӣ кардааст: "Як ширкат 303 нафарро аз вилояти Суғд фиреб карда, ба вилояти Омск бурда буданд. Онҳоро аз он ҷо ихроҷ карда буданд. Ман омадам, қабулашон кардам, билеташон гирифтам ва дар қатори роҳи оҳан ба вилояти Суғд равонашон кардам. Он ширкате, ки миёнаравӣ карда буд, аз мардум маблағи муайяне ҷамъ карда буд, вале дар Русия ширкатеро, ки бо он қарордод имзо карда будаанд, наёфтаанд. Мо ин ширкатро ба додгоҳ кашидем ва пулеро, ки аз мардуми камбихоат ҷамъ карда буданд, тавассути додситонӣ ва тавассути додгоҳ кашида гирифта, ба одамон хона ба хона якбаяк тақсим кардем. чунин таҷрубаро мо дорем."

Таври маълум, ахиран мақомоти Қазоқистон ҳудуди 250 шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя, ба шумули 43 муҳоҷири кории тоҷикро аз қаламрави худ берун кард. Сарвазири Қирғизистон Феликс Қулов дар вокуниш ба ин иқдом изҳор намуд, ки яке аз вазирони ҳукуматашро барои рӯшан кардани вазъи муҳоҷирони қирғиз ба Қазоқистон мефиристад.
Холидаи Қодир, Прага
XS
SM
MD
LG