Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи нахустин Интернет-кафе дар водии Зарафшон


Панҷакент

Бо пуштибонии молии вазорати фарҳанги Амрико дар шаҳри Панҷакент нахустин маркази Интернет барои ҷавонони водии Зарафшон ба фаъолият шурӯъ кард. Ҳафиз Бобомуродов, сарвари маркази Интернет ба Радиои Озодӣ гуфт, ин марказ омӯзишиву иттилоотӣ буда, бо доштани имконоти васеъ шароити мусоидеро дар ихтиёри хоҳишмандон қарор медиҳад. Вай афзуд, як ҳадаф аз фаъолияти онҳо хориҷ кардани водии Зарафшон аз халоъи иттилоотиест, ки бино бар дурии ин минтақа аз маркази кишвар ва вилояти Суғд ба вуҷуд омадааст. Ӯ мегӯяд: "Ба иллати дурии водии Зарафшон аз маркази Тоҷикистон ва аз маркази вилояти суғд расонаҳои хабарӣ ба ин минтақа саривақт намерасанд. Бахусус дар фасли зимистон, ки ағбаи Анзоб баста мешавад ва ағбаи Шаҳристон ҳам душворгузар аст, гирифтани иттилоот барои мардум душвор аст. Ба истилоҳ, дар ин водӣ чаҳорчӯбаи бастаи иттилоотӣ, яъне вакуум ҳукмрон мешавад. Аз ин хотир, маркази Интернет як воситаи муҳими иттилоотӣ барои мардуми водии Зарафшон хоҳад шуд. Бахусус барои ҷавонон, донишҷӯён ва хонандагони макотиб.Аз сӯи дигар, саривақт аз ахбори ҷаҳон бохабар шудани мардум сатҳи маърифати онҳоро баландтар мебардорад."

Ҳафиз Бобомуродов гуфт, тибқи барнома, 6 баста компутар дар хидмати муштариён қарор дошта, ҳафтае то 300 муштарӣ метавонад аз хидмати ин марказ истифода барад. Ҳамчунин устодони вижа дар ин маркази Интернет ҳар моҳ то 50 нафарро дарси компутар хоҳанд омӯхт. Оқои Бобомуродов афзуд, ки онҳо дар моҳ тавони арзаи хадамот ба тақрибан 1500 нафар хоҳишманд аз се ноҳияи Панҷакент, Айнӣ ва Мастчоҳро доранд.Маркази Интернети водии Зарафшон қасд дорад дар оянда бо роҳи афзоиши шумори компутарҳояш теъдоди муштариёни худро дар моҳ ба 3 000 нафар бирасонад.
Шоҳини Равшан, Панҷакент
XS
SM
MD
LG