Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти нави кадрӣ дар мақомоти давлатии Тоҷикистон


Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Раҳматуллоҳ Табаров, раиси собиқи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе раиси ҳукумати ноҳияи Ибни Синои пойтахт таъйин шудааст. Шарифхон Самиев, ки то кунун раҳбарии ҳукумати шаҳри Норак дар вилояти Хатлонро бар ӯҳда дошт, бар ивази оқои Табаров раиси ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ ва ҳамин тавр, Ҳамроҳқул Ёров раиси ҳукумати шаҳри Норак мансуб шудаанд. Аммо Азим Иброҳим, раиси пешини ноҳияи Синои пойтахт ҳафтае пеш раиси Иттиҳодияи давлатии "Геологияи Тоҷик" таъйин шуда буд.

Президенти Тоҷикистон бо як фармони дигар Қимат Рустамоваро ба далели бознишаста шуданаш аз симати муовини вазири шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар озод намуда, Сумангул Тағоеваро ба ин мақом таъйин кард. Хонум Тағоева то ҳол раиси идораи сабти номи аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ дар вазорати адлияи Тоҷикистон буд. Генерали гумрук Гурез Зарипов бо фармони раисиҷумҳур муовини раиси Ожонсии давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ва раиси Иттиҳодияи оҳангсозони кишвар Аслиддин Низомв ба ҷойи Абдураҳмон Абдуманнонов, ки пештар муовини аввали раиси кумитаи давлатии родиё ва телевизиони Тоҷикистон таъйин шуда буд, мудири шӯъбаи фарҳанги дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ таъйин шудаанд.

Дар ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмонов Сироҷиддин Асловро намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ва Саймӯъмин Ятимовро муовини вазири хориҷаи кишвар ва ҳамин тавр раҳбари собиқи Иттиҳодияи "Сайёҳ" Қосим Ғаффоровро муовини вазири амният таъйин карда буд.
Мирзои Салимпур, Прага
XS
SM
MD
LG