Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чун ирода нек аст...


Дар Фестивал ё мусобиқоти варзишӣ бо номи «Иродаи нек», ки рӯзи чоршанбеи 30 ноябр дар ноҳияҳои манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд, дусад варзишгари ҷавон аз ҳарду кишвар ширкат карданд. Мухбира Аҳмадова, масъули намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар минтақаи Хуҷанди Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқотро дафтари намояндагии созмони мазкур роҳандозӣ кардааст ва он бо дастгирии мақомоти минтақаҳои наздимарзии ҳарду кишвар баргузор шуд. Хонум Аҳмадова афзуд, ҳадаф аз баргузории ин чорабинии варзишӣ таҳкими равобит миёни сокинони манотиқи марзии ду кишвар ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аст.

Дар мусобиқот варзишгарони ҷавон аз навоҳии Исфара, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ва ноҳияи Боткени Қирғизистон ширкат карданд. Онҳо дар риштаҳои мухталиф, минҷумла гуштии «кураш», футболу волейбол қувва озмуданд. Мусобиқоти варзишии «Иродаи нек» бо ҳузури беш аз 500 тамошобин - сокини манотиқи марзии ҳарду кишвар доир шуд ва ба ҷараёни он намояндагони созмонҳои байналмилалию ғайридавлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ назора карданд. Ғолибони бозиҳо ва озмуни эҷодӣ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд.
XS
SM
MD
LG