Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«РусАЛ» сарпарастии кумитаи олимпии Тоҷикистонро бар дӯш гирифт


Бар асоси шартномаи ҳамкорие, ки миёни кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ширкати «РусАЛ»- и Русия дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расид, ин ширкати русӣ барои омода кардани варзишгарони тоҷик ба мусобиқоти мухталиф кӯмаки молӣ хоҳад кард. Ба ин санад Баҳруллоҳ Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Сергей Анненков, раиси корхонаҳои муштараки ширкати «РусАЛ» имзо гузоштанд. Дар як нишасти матбуотӣ, ки дар қароргоҳи кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо ҳузури хабарнигорони маҳаллӣ ва хориҷӣ баргузор шуд, ҷаноби Раҷабалиев гуфт, бар асоси ҳамкориҳо ширкати «РусАЛ» барои омода кардани варзишгарони тоҷик ба мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ, минҷумла Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2006 дар Турин кӯмаки молиявӣ хоҳад кард. Сергей Анненков гуфт, дар пайи имзои ин шартнома барои ҳарчӣ бештар ширкат кардани варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалӣ шароит фароҳам хоҳад шуд. Вай гуфт, ширкати «Русал», ҳамчунин дар бунёди майдончаҳои варзишӣ дар назди биноҳои истиқоматии маҳаллаҳои шаҳри Душанбе саҳмгузорӣ хоҳад кард. Ширкати русии "РусАЛ" дар Тоҷикистон чандин барномаҳои иҷтимоиву иқтисодиро низ ба роҳ мондааст.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG