Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳафтод номгӯй китоб дар 11 моҳ


Саидалӣ Маъмур, муовини раиси нашриёти «Адиб» дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барои чопи кутуб аз хазинаи эҳтиётии президент Раҳмонов дар соли 2005 ба ин корхона 250.000 сомонӣ, баробар ба 78 .000 доллари амрикоӣ ҷудо шудааст.

Урун Кӯҳзод, Гулназар, Абдумалик Баҳорӣ, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Садриддин Ҳасанзод, Кароматулло Мирзоев, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Муҳаммадзамони Солеҳ, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Усмон Назир- ин феҳраси нокомили адибони баркамоли тоҷик аст, ки соли ҷорӣ нашриёти «Адиб» асарҳои онҳоро ба дасти чоп дод. Дар ин байн удабои ҷавон низ ҳамчун Гавҳари Саидназар ва Ҷамшеди Раҳимзод маҷмӯъаи осори худро пешкаши аҳли завқ карданд.

Ва аммо теъдоди китобҳо, ки бо маблағгузории президенти кишвар нашр шудаанд, нигаронкунандаанд. Масъулин мегӯянд, бо иллати камии маблағ китобҳо бо теъдоди кӯчак чоп мешавад. Ин дар мавридест, ки барои чопи 500 дона китоби устод Гулназар ва 700 адад китоби Сафармуҳаммад Айюбӣ аз хазинаи эҳтиётии президенти кишвар мутаносибан 9.650 ва 7.770 сомонӣ ҷудо шудааст.

Нашриёти «Адиб» тибқи дархости дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар чопи 8 ҷилдаи падари маъонӣ, шоири мӯшикоф ва парчами тариқаи маъҷузия баландахтар Абдулқодир Бедилро ҳам роҳандозӣ кардааст, ки то соли 2006 ба дасти хонанда хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG