Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баста эълон шудани роҳи ағбаи Анзоб


Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе -- Хуҷанд ба воситаи ағбаи Анзоб мамнӯъ эълон шуд. Саидаҳтам Акбаров, муовини вазири роҳ ва нақлиёти Тоҷикистон гуфт, баъд аз он ки тамоми мусофирон ва воситаҳои нақлиёте, ки дар гарданаи Анзоб дармонда буданд, наҷот дода шуданд, бо сабаби бориши зиёди барф ва хатари тарма, тасмим гирифта шуд, роҳ расман баста эълон шавад.
Ин шоҳроҳ , ки аз ағбаи Анзоб, дар баландии 3373 метр аз сатҳи баҳр убур мекунад ҳар сол ба муддати то шаш моҳ баста мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини рафтуомади доимӣ дар байни шимол ва ҷануби кишвар нақби Уштурро аз зери ин гардана дуруст мекунад ва ин шояд охирин эълони расмии қатъи робитаи заминӣ дар байни ду қисми мамлакат бошад.
XS
SM
MD
LG