Пайвандҳои дастрасӣ

Ихроҷи 43 тоҷик аз Қазоқистон


Чиҳилу се муҳочири тоҷик, ки дар бозорҳои Алмаато ба тиҷорат машғул буданд, аз Қазоқистон берун карда шуданд. Ба гуфтаи Арман Чусанбой—корманди дафтари матбуотии идораи корҳои дохилии Алмаато, таи кариб як хафта дар маҷмуъ 546 нафар шаҳрвандони кишварҳои хориҷии дуру наздик боздошт шуданд, ки аз онхо 211 нафарашон, ба шумули 43 нафар муҷочири точик, аз Қазоқистон ихроҷ шуданд. Ба гуфтаи оқои Чусанбой, ононе ихроҷ шудаанд, ки қонуни муҳоҷиратро риъоят накарда, дар ин кишвар бидуни сабти ному дарёфти муҷҷавиз кору зиндагӣ мекардаанд. Вале як муҳоҷири тоҷик, ки шоҳиди ихроҷи ҳаммеҳанонаш буд ва ҳангоми сӯҳбат аз зикри номаш худдорӣ кард, мегӯяд, ки боздошту истирдоди муҳоҷирони точик рӯзи 27 ноябр бо қонуншиканиҳо сурат гирифтааст.

"Онҳо тақрибан 70 нафар буданд, вале 43 нафарашонро Тоҷикистон равон карданд, мумкин пул гирифтанду боқимондаҳоро озод карданд. Ҳамааш хуҷҷат доштанд. Ҳамааш дар ин чо сабти ном шуда буданд, вале ҳамаашро бор карда гирифта рафтанд".

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, пулис ба боздоштшудагон ҳатто имкон надод, ки амволашонро ба дукон дароранд ва бархе аз муҳочирони тоҷик бо контейнери бозу моли парешон аз Қазоқистон берун карда шуданд. Дар контейнерҳои онҳо дар бозори Барахолка ба маблағи чанд ҳазор доллар мол буд, ки он бесоҳиб монд. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ки ҳангоми боздошти муҳочирон наздиконашон чанд дафъа ба консулгарии Тоҷикистон занг заданд, вале чун рӯзи шанбе буд, телефонҳои консулгарӣ ҷавоб надод. Аз суи дигар, Аъзамшо Шарифов – консули Тоҷикистон дар Қазоқистон иброз дошт, ки ба консулгарӣ дар мавриди истирдоди муҳочирон на аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик ва на аз ниҳодҳои интизомии Қазоқистон иттилоъе нарасидааст:

"Пеш аз ҳама мардуме, ки нисбати онҳо чораҳои дахлдор андешида шудааст, бояд ба сафорат муроҷиъат кунанд, то мо тавонем дар асоси муроҷиъати онҳо бо мақомоти дахлдори ҷумҳурии Қазоқистон мавзӯъро матраҳ кунем. Вале то имруз ба мо касе муроҷиат накардааст. Агар занг мезаданд, ҳатто аз рӯи он занг вазифадор будем, ки ягон чора андешем".

Кодири Рустам -рӯзноманигори тоҷики муқими Алмаато низ бар ин ақида аст, ки ҳар дафъа баъди чунин ҳолатҳо, ки ғолибан ҳамроҳ бо қонуншиканиҳо мегузарад, хомӯшии муҳҷирони тоҷик омили такрор шудани чунин амалҳои пулис мешавад. Вай мегӯяд:

"Мутаасифона, муҳоҷирони тоҷик ҳуқуқи худро намедонанд ва чун хуқуки худро намедонанд, наметавонанд аз худ химоят бикунанд, вагарна чун буду боши онҳо дар Алмаато конунӣ аст ва қонунан дар идораи пулиси мухочират сабти ном шудаанд, метавонистанд бо муроҷиъат ба мақомҳои интизомии Қазоқистон ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар аз ин кор ҷилавгирӣ кунанд. Агар мурочиат кунанд , ман мутмаъинам, дар оянда вакте, ки ин гуна амалиёт гузаронида мешавад, ниходҳои масъули Қазоқистон қабл аз он, ки иқдоме бикунанд, андеша мекунанд".

Дар ҳамин ҳол, беш аз 50 муҳоҷири қирғиз, ки ба Бишкек истирдод гардида буданд, рӯзи 28 ноябр дар назди бинои ҳукумати Қирғизистон чамъ омада аз он, ки шаҳрдори Алмаато бо зӯр онҳоро аз Қазоқистон берун кардааст, изҳори нигаронӣ кардаанд. Ба дунболи он аз 29 ноябр Қазоқистон марзашро бо Қиргизистон баст.
Хабаргузории Акипрес иттилоъ , ки Феликс Кулов–нахуствазири Қирғизистон Ойгул Рисқулова—раҳбари Кумитаи мухочират ва шуғли аҳолии кишварашро ба Алмаато фиристодааст то ҳамроҳ бо сафоратхонаи кишвараш бо ҷониби Қазоқистон вориди музокира шуда, масъалаи мушкилоти муҳочирони қирғиз ва боз кардани марзи миёни ду кишварро баррасӣ кунанд.
Насибчон Амонӣ, Алмаато.
XS
SM
MD
LG