Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти низомиён дар Маскав


Рузи сешанбе дар Маскав ҷаласаи Шурои Дабирони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор шуд. Дар он ёдоварӣ шуд, дар ҳоле, ки дар Афғонистону Ирон ва Қафқози Ҷанубӣ вазъ печида аст, фишор аз суи сохторҳои сиёсиву низомии НАТО ва Амрико дар Осиёи Марказӣ вазъ дар минтақаи масъулияти паймонро низ мутташаниҷ кардааст. Игор Иванов-Дабири Шурои Амнияти Руссия изҳор дошт, дар зери ниқоби пешбурди арзишҳои демократӣ ва озодӣ ба умури сиёсии давлатҳои тоза ба истиқлол расида мудохила сурат мегирад. Вай таъкид кард, ки Руссия қасд надорад дар Осиёи Марказӣ пойгоҳи иловагии низомӣ иҷод кунад. Николай Бордюжа-Дабири Кулли Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ гуфт, то баҳори соли оянда феҳристи созмонҳои террористӣ ва гуруҳҳои тундрави қаламрави ин Паймон таҳия мешавад. Ба гуфтаи вай, ба ин феҳрист 22 созмону гуруҳи террористӣ ва тундрав дохил мешавад, ки 15-тои он дар Руссия ва 7-то дар Қазоқистон фаъолият мекунанд. Рузи сешанбе дар Маскав ҳамчунин мулоқоти вазирони дифоъи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор шуд. Ширкаткунандагон роҳҳои фаъолияти муассири гуруҳҳои низомии зудамали ин Паймонро баррасӣ карданд. Дар мулоқотҳои Маскав Амирқул Азимов-Дабири Шурои Амният ва Шералӣ Хайруллоев-вазири дифоъи Тоҷикистон ширкат доштанд.
Муҳаммадраҳими Сайдар, Маскав
XS
SM
MD
LG