Пайвандҳои дастрасӣ

Давраҳои омӯзишӣ барои интихобот


Натоиҷи барномаи давраҳои омӯзишӣ барои масъулини маъракаи интихоботии кишвар, ки аз сӯи намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо(САҲА) дар Тоҷикистон барои соли 2005 роҳандозӣ шудааст, дар як нишаст бо ширкати кормандони дафтари раёсати ҷумҳурӣ, вакилони порламон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Намояндагии САҲА ва ҷониби давлат ин барномаро сутуданд ва онро таҳкими равандҳои мардумсолорӣ арзёбӣ карданд. Аммо намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар ин робита назари мухолиф доштанд. Ба ақидаи Муҳаммадалии Ҳайит-узви раёсати Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ин давраҳои омӯзишӣ барои масъулини маъракаҳои интихоботӣ дар манотиқи кишвар дар ҳоле муассир ва самарбахш хоҳад буд, ки интихобот дар кишвар шаффоф , демократӣ ва дур аз тақаллубу қонуншиканӣ сурат бигирад. Оқои Ҳайит таъкид кард, ки давраҳои омӯзишро беҳтар буд барои масъулини мақомоти сатҳи олии кишвар низ доир кард , зеро дар бештари маворид натоиҷи интихобот бо дастури мақомоти иҷроӣ таҳриф мешавад.Раҳматулло Валиев-муовини раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон зимни интиқод аз барномаи давраҳои омӯзишии дафтари САҲА дар Тоҷикистон изҳор дошт, дар сурате, ки аз аҳзоби дигари сиёсӣ ба ҷуз аз ҳизби ҳокими Халқӣ-Демократӣ нафаре узви ҳайати қитъа ё ҳавзаи интихоботӣ нашудааст, наметавонад роҳандозии чунин барномаҳоро муфид арзёбӣ кунад. Вале Шерхон Салимов -раиси Кумитаи Қонуни Асосӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикиситон муътақид аст, ки сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии интихобкунандагон ва кормандони ҳавзаҳои интихоботӣ дар маҳаллаҳо поин аст ва баргузории давраҳои омӯзишии САҲА бо аҳамият мебошад. Оқои Салимов гуфт, ӯ нигарониҳои намояндагони аҳзоби мухолифро , ки дар интихоботи порламонӣ баранда нашудаанд хуб мефаҳмад. Вай афзуд, сабаби нороҳатиҳои аҳзоби мухолиф мағлубияташон дар ҳамин интихобот мебошад. Абдуалӣ Тоҳиров-ёвари мушовир роҷеъ ба масоили сиёсии дафтари САҲА дар Тоҷикистон, ки масъулияти нишасти имрӯзаро бар уҳда дошт гуфт, ин созмон наметавонад берун аз доираи ваколатҳои худ фаъолият кунад. Вале баргузории 80 давраи омӯзишӣ дар соли ҷорӣ дар аксари навоҳии кишвар, ки дар онҳо аз 20 то сад нафар ширкат кардаанд, барои баргузории интихоботи мунсифона ва шаффоф мусоидат мекунад. Абдуалӣ Тоҳиров афзуд, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба нақша гирифтааст, дар робита бо баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноябри соли 2006 иҷрои барномаи давраҳои омӯзишӣ барои масъулини интихоботӣ дар манотиқи ин кишварро идома диҳад.
XS
SM
MD
LG