Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамкориҳои ду кишвари кӯҳистонӣ


шаҳри Душанбе Тоҷикистон ва Шветсария-ду кишвари кӯҳистонӣ барои рафъи оқибатҳои табиӣ дар оянда ҳамкорӣ мекунанд.

Дар ин бора намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва дафтари Шветсария оид ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мувофиқатнома имзо карданд. Тибқи ин мувофиқатнома ба ҷуз аз кумакҳои фаннӣ коршиносони шветсарӣ барои рафъи оқибатҳои зилзила, обхезӣ ва соири офатҳои табиӣ ба мадади Тоҷикистон меоянд. Абдураҳим Раҷабов-муовини вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегуяд, то ҳол ҳукумати Шветсария ба ноҳияҳои Маскав, Панҷакент ва дар таъмири сарбанди кули Сарез ба Тоҷикистон кумаки молӣ расонидааст ва тибқи мувофиқатномаи мазкур акнун наҷотдиҳандагони Шветсария дар ҳолатҳои зарурӣ ширкат мекунанд Оқои Раҷабов мегуяд:

«Худо нишон надиҳад, агар ягон ҳодисаи нохуш ба вуҷуд ояд, наҷотдиҳандагони конфедератсияи Шветсария омада ҳамроҳи наҷотдиҳандагони Вазорати ҳолатҳои фавқулода корҳои наҷотдиҳӣ анҷом медиҳанд. Дар ҷумҳурии мо инҳо бисёр зарур ҳам мебошанд, зеро мавқеъи ҷуғрофиёии Шветсария бо Тоҷикистон хеле монанд аст . Онҳо дар заминаи тарбияи наҷотдиҳандагон ва мутахассисони ин соҳа таҷрибаи хеле бой доранд.»

Шӯҳрат Ҷӯраев-ҳамоҳангсози барномаҳои дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, Тоҷикистон дар минтақаи зилзилахез ҷой гирифтааст, гузашта аз ин, дар мавсими боришот имкони резиши селобҳо ва лағзиши теппаҳо вуҷуд дорад . Оғои Ҷӯраев роҷеъ ба таҷрибаи наҷотдиҳандагони Шветсария мегуяд:

«Онҳо дар вақти заминларза метавонанд шахсони дар зери вайронаҳо бударо ба воситаи сагҳо пайдо кунанд. Техникаро ҳам дар ин ҷо мо дар назар дорем, яъне ҳам наҷотдиҳандагону ҳам сагҳо ва ҳам техника.»

Бино ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо ёрии барномаҳои мухталифи ҳукумати Шветсария барои иҷоди як системи назоратӣ бар кули Сарез ҳудуди се миллион доллар кумук кардааст. Ҳамчунин бо кумаки Дафтари байналмиаллалии ҳамкории Шветсария дар вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон як маркази тафҳлиливу итилотӣ таъсис ёфтааст.
XS
SM
MD
LG