Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намошгоҳи маҳсулоти саноатии Русия дар Душанбе


Беш аз 100 тоҷиру соҳибкор ва намояндагони зиёда аз 52 ширкат аз дувоздаҳ минтақаи Русия барои иштирок дар намоишгоҳи миллии Русия вориди Душанбе шуданд. Тайи се рӯзи оянда дар маҷмааи «Кохи Борбад»-и пойтахти Тоҷикистон намоиши маснуоти ҳунарӣ ва фанноварии муосири истеҳсоли корхонаҳои Русия, инчунин баргузории нишастҳои мубоҳасавӣ дар мавзӯъҳои равобити тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодии АвруОсиё ва муҳоҷарати меҳнатӣ дар назар аст. Ҳамзамон ба иттилоъи дафтари матбуоти намояндагии диплумосии Русия дар Тоҷикистон, қарор аст, ки миёни корхона ва ширкатҳои Русия ва Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ як қатор музокарот сурат гиранд.
Наталия Кулбятская, намояндаи ширкати «Сангтӯда-1» дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, сабаби дар намоишгоҳи миллии Русия ҷой гирифтани ин ширкат дар он аст, ки ниругоҳи «Сангтӯда-1» аслан бо саҳмияи Русия бунёд меёбад. Ба гуфтаи ӯ, ахиран ҳисоб шудааст, ки барои сохтмони пурраи ин ниругоҳ ҳудуди 600 миллион доллари амрикоӣ лозим аст. Соли ҷорӣ Русия барои сохтмони ниругоҳи «Сангтӯда-1» 100 миллион доллар ҷудо кардааст ва ҳамин миқдори маблағ қарор аст дар соли 2006 низ ихтисос дода шавад:
Дар мавзеъи ниругоҳи «Сангтӯда-1» аллакай бунгоҳҳои тиббӣ ва шаҳракҳо бунёд шудаанд ва дар сохтмони ин ниругоҳ беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон ҷалб гардида, бо маоши хуб фаъолият доранд. Масалан, агар дар Тоҷикистон музди миёнаи моҳона 30 долларро ташкил диҳад, дар ин ниругоҳ онҳо ҳудуди 170 доллари амрикоӣ моҳона мегиранд. Мо дар назар дорем, ки теъдоди бинокоронро аз шумори шаҳрвандони Тоҷикистон ба сеюним ҳазор нафар расонем. Ба шумо маълум аст, ки ин ниругоҳ бояд то моҳи апрели соли 2009 ба истифода дода шавад ва ҳаққи Русия дар ин ниругоҳ 75 дар садро ташкил медиҳад, аммо сол то сол ҳаққи Тоҷикистон низ меафзояд.
Дар соли равон мубодалаи амвол миёни Тоҷикистону Русия 5 дар сад афзуда ва ҳудуди 255 миллиону 900 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст. Зимнан содироти мол аз Тоҷикистон ба Русия ба 61 миллиону 492 ҳазор ва воридот аз Русия ба Тоҷикистон ба зиёда аз 194 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст.

Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG