Пайвандҳои дастрасӣ

Маро назан...


Кӯдакони тоҷик ғолибан дар оила, кӯча ва мактаб ба намудҳои гуногуни зӯроварӣ гирифтор мешаванд.
Аз ҷониби калонсолон ё шахсони масъул мавриди латукӯби шадид қарор гирифтан, суиистифода аз нируи кори кӯдакон дар корҳои ниҳоят сангин ва барои саломатии онҳо зараровар, монеъи таҳсили онҳо шудан ва саранҷом бо сабаби бетаҷрибагиву камқувватии наврасон қонеъ намудани талаботи шаҳвонӣ, аз қабили намудҳои зӯровариеанд, ки нисбат ба наврасон сурат мегиранд.
Ширинмоҳ Ибронова вакили мудофааи ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфт, бо сабаби майзадагӣ ва зулму ситами волидон ағлаби наврасон аз хона фирор карда, ба танфурушиву ғоратгарӣ ҷалб мешаванд ё дар охири амр ба худсӯзӣ даст мезананд:
«Вақте ки ман дар суди олии ҷумҳурӣ кор мекардам, шоҳиди ҳодисае будам, ки падар духтарашро таҷовуз кардааст. Дар яке аз ноҳияҳои ҷумҳурӣ бошад, падар ба номуси 3 духтари худ даст зада буд. »
Ба гуфти Бахтиёр Насруллоев вакили мудофааи шаҳри Истаравшан нодорӣ ва мушкилоти иқтисодии оилаҳо волидонро водоштааст, ки фарзандони худро аз субҳ то шом барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба корҳои гуногуни хоҷагидорӣ ва музднок маҷбур созанд:
«Аксарият аз саҳари барвақт то бевақти дар бозору кӯчаҳо ба кори вазнини ҷисмонӣ машғуланд. Ҳам аз гирифтани маълумот ва ҳам аз истироҳат пурра маҳруманд. Дар деҳот вазъ боз сангинтар аст, онҳо аз саҳар то бегоҳ дар саҳро кор мекунанд.»
Бахтиёр Насруллоев афзуд дар ҷомиъа одате ҳаст, ки вақте калонсол ҳузур дошта бошад, назари хурдонро дар масъалаҳое, ки ба ҳаёти шахсии онҳо дахл дорад, ба инобат намегиранд, ки ин низ як намуди нақзи ҳуқуқи онҳо аст:
«Ҷавонон бо ки издивоҷ мекунанд, ҳамаи инро волидон ҳал мекунанд.»
Аксари волидон мавриди латукӯб қарор додани фарзандонашонро як намуди чораҳои интизомӣ ё усулҳои тарбия меҳисобанд.
Як модар, ки бо ӯ мусоҳиб шудам, гуфт мушкилоти зиндагӣ ӯро чунон асабӣ кардаанд, ки вақте бар замми ин боз фарзандаш беодобӣ мекунад, хун дар сараш мезанад:
«Чи хеле хоҳем мезанем, даркор шавад, бо кафш ё даст мезанам.»
Аммо равоншиносон мегӯянд, зӯроварӣ нисбат ба кӯдак боиси нодуруст ташаккул ёфтани хусусиятҳои шахсии ӯ мегардад. Азиза Мансурова номзади илми равоншиносии донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд гуфт кӯдаке, ки бо ноз парварида шудааст, фардо муҳаббати худро ба наздикон ва ба аҳли ҷомиъа бармегардонад.
«Аммо фикр кунед кӯдаке, ки ин меҳру муҳаббатро дар овони тифлӣ нагирифтааст, онро чи хел баргардонад? Ба ҷойи меҳру шафақат ҳисси нафрат, ба ҷои самимият ҷаҳолат ташаккул меёбад. Духтарбачагон хусусияти духтаронаи худ - ғамхорӣ, нафосат ва назокатро, писарҳо - дар асоси ҳамин хушунат далерӣ, ҷасорат, қатъият ва мардонагии худро гум карда, шахсияти онҳо на бо ҳама хусусиятҳои равонӣ ташаккул ёфтанаш мумкин аст.»
Заррина Исҳоқова модари ду фарзанди баркамол мегӯяд, миёни фарзанд ва волидон бояд иззату эҳтиром вуҷуд дошта бошад ва он гоҳ зарурат ба зӯроварӣ пеш намеояд.
«Барои ин ки фарзанд ба шумо гапи дағал нагӯяд, шумо ба фарзанд муносибати хуб кунед, ки ӯ аз дағалӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба чунин волидони меҳрубон шарм кунад.»
Коршиносон мегӯянд, волидон бояд дар тарбияи фарзандон эҳсоси масъулият дошта бошанд. Зеро хушунату зӯроварӣ ва ситам нисбат ба кудакон барояшон гарон хоҳад шуд. Фарзандон метавонанд ба олами ҷиноӣ фурӯ рафта, саранҷом ҳамқисмати падару модарашон нодор шаванд.
XS
SM
MD
LG