Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми ёдбуди Тер-Казариён


Дастаи СДЮШОР дар бозии ниҳоӣ бар тими наврасони «Ситора»-и Душанбе бо натиҷаи 1 бар 0 ғалаба кард. Дастаи «Ситора» мақоми дувум ва дастаи «Авиатор»-и Душанбе мақоми севумро соҳиб шуданд.
Алимуҳаммад Мирзоев - раиси Кумитаи варзиши шаҳри Душанбе дар бораи ҳадафи ин мусобиқа ба радиои Озодӣ гуфт:
« Мусобиқаи дастаҳои футболи наврасон барои дарёфти ҷоми хотираи мураббии шоистаи Тоҷикистон Арнолд Тер-Казарян, ки қариб чиҳил сол дар Душанбе хидмат карда, шогирдони зиёде ба воя расондааст, дувумин бор дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ҳадаф аз баргузории ин мусобиқа рушди футбол миёни кӯдакону наврасони ҷумҳурӣ ва гиромидошти хотираи мураббии варзида мебошад.»

Дувоздаҳ даста соҳиби роҳхат шуд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Қирғизистон дувоздаҳумин дастаест, ки пас аз пирӯзӣ дар бозии ҷавобии интихобии гурӯҳи «F» дар шаҳри Бишкек бар дастаи Непал бо натиҷаи 2 бар 0 барои ширкат дар даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2006 миёни бозигарони синни то 20-сола роҳ ёфт.

Ба ин тартиб, аз минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дастаҳои мунтахаби ҷавонони се кишвар - Тоҷикистон (гурӯҳи «Е») , Эрон («Н») ва Қирғизистон («F») ҳамроҳ бо ғолибони ҳашт гурӯҳи дигар - Ироқ («А»), Арабистони Саудӣ («В»), Имороти Муттаҳидаи Араб («С»), Тайланд («J»), Ветнам («К»), Чин («L»), Куриёи Ҷанубӣ (« М») ва Ҷопон («N») ба даври ниҳоии мусобиқот, ки соли оянда дар Ҳиндустон доир мешавад, роҳхат гирифтанд. Соҳибони чаҳор роҳхати боқимонда дар бозиҳои интихобии гурӯҳҳои D, G , I ва ҳамчунин дар бозии интихобӣ миёни намояндагони манотиқи Осиёи Шарқӣ ва Уқёнусия муайян мешаванд. Кишвари мизбон бидуни ширкат дар бозиҳои интихобӣ дар мусобиқоти қаҳрамонӣ ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG