Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико мехоҳад вориди гуфтушуниди рӯбарӯ бо Эрон шавад


Вазорати корҳои хориҷии Амрико мегӯяд, ба сафири Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ Залмай Халилзод иҷозат дода шуд, то масъалаҳои марбут ба эътидоли вазъ дар Ироқро бо мақомоти Эрон баррасӣ кунад. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико Шон Маккормак гуфт, муколама бо Эрон аз доираи ин мавзӯъҳо берун нахоҳад рафт. Вокуниши Теҳрон ба ин хабар ҳанӯз маълум нашудааст. Ин аввалин бор аст, ки Амрико ошкоро хостори гуфтушунид бо Эрон шудааст. Хабар замоне тасдиқ шуд, ки Залмай Халилзод дар мусоҳибаи бо маҷаллаи Newsweek гуфт, президент Буш ба ӯ дастур додааст, барои таъмини амнияти Ироқ пас аз оғози хурӯҷи нирӯҳои Амрико аз ин кишвар, бо мақомоти эронӣ мулоқот ва гуфтушунид кунад. Муносибатҳои дипломатии Амрико ва Эрон дар соли 1979, замоне қатъ шуд, ки дар рӯзҳои инқилоби исломӣ кормандони сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Теҳрон гаравгон гирифта шуданд.
XS
SM
MD
LG