Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳсили духтарон ва писарон = нест


Мушаххасан ин ҳадаф ҷалби ҳарчӣ бештари духтарон ба макотиби миёна ва ё олӣ аст, ки назар ба писарон камтар таҳсил мекунанд. Крим Райт раҳбари идораи маорифи UNICEF мегӯяд, масъулияти нокомии кишварҳоро дар расидан ба ин ҳадаф бояд тамоми ҷаҳон бар дӯш бигирад:

"Ба фикри ман бояд тамоми ҷаҳон масъулияти ин нокомиро бар дӯш бигирад. Агарчӣ ҳар кишвар сиёсат ва барномаҳои худро дорад, аммо ин мамолик таввасути ҷомеаи байналмилал ва дигар кишварҳо ҳимоят мешуданд ва ин вобастагӣ ба он маънист, ки ҳамаи мо ноком шудем."

Аммо чаро Тоҷикистон низ натавонистааст, дар иҷрои якчунин ҳадафи муҳими барномаи Созмони Милал ва аз ҷумла бисёр барои худи кишвар муҳиму муфид нарасад. Анҷела Ҳоук як намояндаи иртиботии UNICEF дар шаҳри Женева ба ин чаро посух мегӯяд:

"Ҷойи таасуф аст, ки Тоҷикистон яке аз он кишварҳоест, ки натавонистанд ба ин ҳадаф бирасанд. Аммо Тоҷикистон дар чанд соли гузашта бо мушкилоти зиёд даст ба гиребон буд. Хонаводаҳои фақир ҳарчӣ бештар шуданд, ки пардохтани пули мактабро барояшон сахт мекард, ҳамчунин дар пардохти пули китоб, васоил ва либоси мактабӣ мушкил доштанд. Аз сӯи дигар камбизоатии давлат маънии онро дорад, ки барои маориф пули кам сарф мешавад. Барои ҳамин бархе аз мактабҳо дар Тоҷикистон вазъи хуб надоранд ва яке аз муҳимтарин чиз барои духтарон вазъи беҳдоштии муносиб ва оби поки ошомиданӣ дар макотиб вуҷуд надорад. Баъд аз ин боз ҳам камбизоатӣ аст, ки духтаронро берун аз мактаб нигаҳ медорад. Дигар ин ки дар манотиқи марказии Тоҷикистон дар наздикии марзи Узбакистон ва Афғонистон аслиҳаи зиёде аз ҷумла минаҳои бисёри нотаркидае боқист, ки барои рафтани духтарон ба мактаб хатар эҷод мекунад ва онҳоро берун аз дабистон мегузорад."

Аммо ба ҷуз аз камбизоатӣ омилҳои дигари иҷтимоӣ низ вуҷуд доранд, ки боиси камии таҳсили духтарони тоҷик дар макотиб мешавад:

"Як иллати дигар он аст, ки дар бархе манотиқ, махсусан манотиқит кӯҳӣ мактабҳо аз деҳот дур ҳастанд ва арзиши ҳаққи нақлиёт низ як садди рафтани духтарон ба мактаб мешавад. Аммо воқеан баъзе аз волидон таҳсили духтаронро чандон муҳим намешуморанд. Пажӯҳиши UNICEF дар Тоҷикистон дар соли 2004 дарёфт, ки волидон умуман намехоҳанд, барои таълими духтарони хеш сармоягузорӣ кунанд. Барои ҳамин мо ҳоло саъй дорем, то дар макотиби Тоҷикистон ба муҳассилин касбҳои лозим барои зиндагиро биёмӯзем. Омӯзонидани касб махсусан барои духтарон, чун ба воя расанд, бисйор муфид хоҳад буд. Дигар барномаҳои мо, ки бисёр муҳим аст, таъмини макотиб бо оби поки ошомиданӣ ва хадамоти беҳдоштии муносиб аст. Мо ҳоло як барномаи беҳдоштиро амалӣ мекунем, ки 300 мактаби Тоҷикистонро дар бар мегирад ва муҳассилин дар ин мактабҳо ба клубҳои беҳдоштӣ мераванд. Ва як натиҷаи барнома ин аст, ки як мактаб дар наздикии вилояти Хатлон, ки дар он тайи даҳ сол ҳатто як нафар духтар дониш наомӯхтааст, имсол 8 нафар муҳассили духтар дорад."

Ҳукумати Тоҷикистон эътироф мекунад, хатари аз таҳсил берун мондани духтарон дар қиёс ба писарон ниҳоят баланд аст. Аз ҷумла ҳукумат мегӯяд, танҳо чаҳор сол пеш синфи 11-ро беш аз 63 дар сад писарон ва танҳо беш аз 36 дар сад духтарон хатм кардаанд. Дар мактабҳои миёна ва ибтидоӣ дар Тоҷикистон солҳои таҳсили 2002-2003 қариб як миллиону 700 ҳазор нафар таҳсил мекардаанд, ки танҳо 46 дар сади онҳоро духтарон ташкил медодаанд.

Дар соли 2003 дар баробари 100 нафар писар танҳо 86 духтар таҳсил мекардааст, ки назар ба соли 1998 камтар будааст. Бале омори начандон хушҳолкунанда барои духтарон ва ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи худи ҳукумати Тоҷикистон, агарчӣ духтарон назар ба писарон дониши хубтар доранд, аммо мактабро аз онҳо пештар тарк мекунанд. Берун аз мактабу дур аз таълим мондани духтарон ба гуфтаи ЮНИСЕФ на танҳо ба худи духтарон ва оилаҳои онҳо, таъсири манфӣ мерасонад, балки талошҳои байналмилалӣ барои рушди кишварҳои ҷаҳонро мушкил месозад, чаро ки духтарони соҳибмаълумот як унсури қавӣ барои инкишофи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошанд.

Тибқи омори ин созмон, дар саросари ҷаҳон 115 миллион нафар ва аксарияти онҳо духтарон берун аз мактаб мондаанд. Ва ба ғайр аз камбизоатӣ сабабҳои дигари он сиёсатҳои номуносиби ҳукуматҳо ва бемориҳо будаанд. Дар пажуҳиши ахири Барномаи Озуқаи Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҳангоми як пурсиш 34 дар сади волидон гуфтаанд, ки бинобар надоштани либоси мактабӣ, пойафзор фарзандони худро ба мактаб рафтан намемонанд. Аммо 40 дар сад бемориро як омили роҳ надодани фарзандони худ ба макотиб номидаанд.
XS
SM
MD
LG