Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳона ва ё сабабҳо барои ҳозир нашудан ба дарсҳо


Ҳамакнун омилҳои ба якборагӣ кам шудани шумори хонандагон дар фасли сармо дар макотиб мавриди омӯзиш қарор мегирад. Чун ахиран дар пойтахти кишвар ситоди махсуси назорати давомнокии хонандагони мактаб дар фасли зимистон ба кори худ шурӯъ кард, ки раҳбарии онро ноиби раиси шаҳр Санавбар Раҳимова бар ӯҳда дорад.

Шафқат Саидов сухангӯи шаҳрдории пойтахт мегӯяд, ҳадафи аслии ташкили чунин як ситод муайян сохтани сатҳи омодагиҳо ба зимистон аз ҷониби муассисаҳои таълимист: «Дар ҳама нишастҳо сарварони мактабҳо ва дигар роҳбарони идораҳои дахлдор таъкид месохтанд, ки муассисаҳои онҳо барои зимистонгузаронӣ комилан омода аст. Аммо сатҳи омодагии тамоми мактабҳо ё идораҳои дахлдорро зимистони пешорӯ нишон медиҳад.»

Ба қавли Шафқат Саидов, вазифаи аслии ситод, муайян кардани сабабҳои асосии густариши бемориҳои сироятӣ дар фасли сармо миёни мактаббачагон ва пешгирӣ аз ин бемориҳо мебошад. Яъне аз ин ба баъд ҳар субҳ бояд сарварони макотиб варақаи давомнокии толибилмонро ба пизишкони минтақаашон супоранд. Сипас ин варақа ба сарвари шӯъбаи беҳдоштӣ ирсол мегардад. Ҳамин тариқ, шумори беморони воқеӣ ба қайд гирифта шуда, баъдан ситоди назоратӣ барои ташхис ва бартараф кардани мушкилӣ чораҳои махсусро меандешанд.

Гуфта мешавад, фаъолияти ситод ҳамчунин баҳри беҳбудии давомнокии хонандагон равона мегардад. Чун махсусан дар фасли сармо ширкати хонандагон дар дарсҳо кам мешавад. Агарчи иллати ба дарсҳо ҳозир нагаштани бархе аз хонандагон беморӣ бошад, вале дар баъзе ҳолатҳои дигар онҳо худро бардурӯғ бемор нишон медиҳанд,ки қарор аст ситод бо чунин муҳасиллин корҳои тарбиявиро ба роҳ монад, дар ҳамин ҳол омӯзгори яке аз мактабҳои пойтахт дар робита ба мавзӯъ гуфт:

«Рости гап сабаби аслии кам гаштани теъдоди хонандагон дар мактаб дар фасли зимистон бисёр вақт ба эпидемияи зуком вобаста аст. Дар он вақт дар ҳар як синф то 2 ва ё 3 хонанда ширкат намекунанд.»

Ба ин ситод ноибони раисони навоҳии пойтахт, роҳбарони муассисаву идораҳои беҳдоштӣ, фарҳанг ва маориф дохил буда, ҳафтае як бор кори ситод дар назди ноиби раиси шаҳр Санавбар Раҳимова ҷамъбаст мегардад.
XS
SM
MD
LG