Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯи барқ аз офтоб ва шамол?


Холидаи Қодир: Дар ҳоле, ки ҳарорати умумии замин рӯ ба афзоиш аст, оё мешавад, раванди гармшавии ҳаворо ба ақиб гардонид?

Свен Теске: Не. Инсоният дар тӯли солҳои зиёд аллакай, миқдори бузурги дуди зарарнокро ба атмосфера ворид кардааст. Вақте дуди хатарнок як бор ба атмосфера хориҷ карда шуд, дигар онро пок карда намешавад. Мо бояд ба зудӣ миқдори дуди мошину корхонаҳоро, ки ба ҳаво хориҷ мешавад, кам кунем. Вале ягона роҳи наҷот ин аст, ки инсоният бояд манбаъи энергияро тағйир диҳад ва манбаъҳои алтернативии энергия рӯ оварад.

Х. Қ. Бале, шумо борҳо гуфтаед, ки ҷаҳон бояд ба ҷои нафту газу ангишт, энергияи офтоб, об ва шамолро истифода барад, ки ба гуфтаи шумо ҳам арзон асту ҳам барои муҳити зист бехатар. Пас, чаро то кунун кишварҳо ба ин манбаъҳо рӯ намеоваранд ва бо нархи гарон нафту газ мехаранд? Магар онҳо дар ин бора хабар надоранд, ё ин, ки манбаъҳои алтернативӣ кадом мушкилот доранд?

С. Т. Дар вазъи кунунӣ мушкилот ин аст, ки барои истифода аз манбаъҳои алтернативӣ ҳанӯз инфраструктура, яъне таҳдоби комил вуҷуд надорад. Вале вазъият дар ин самт дар панҷ то ҳафт соли оянда тағйир хоҳад ёфт. Сабаби дигари феълан арзонтар будани энергияи нафту газ ин аст, ки соҳаи мазкур ба таври густарда субсидия (яъне кӯмаки буҷавӣ) мегирад. Тибқи маълумоти Созмони Милал ба ин соҳа солона 250 то 300 миллиард доллар кӯмаки буҷавӣ дода мешавад. Агар кишварҳо бихоҳанд, манбаъҳои алтернативии энергия рушд кунад, ва арзонтар шавад, ба ин соҳа бояд пул гузоранд. Дар он сурат, энергияи обу офтоб ва шамол тавони сабқат бо нируи ҳаставӣ ва нафту газро пайдо мекунад. Дар қадами аввал бояд кӯмакҳои буҷавӣ, ки ба риштаи нафту газу ангишт гузошта мешаванд, бояд қатъ карда шаванд. Бо ин роҳ маблағҳои бузург сарфа хоҳанд шуд.

Х.Қ. Вале оё энергияи офтобу шамолу об дар воқеъ метавонад ҷои нируи нафту газу ангиштро бигирад -- яъне бо ин роҳ гарм кардани хонаҳо, ҳаракати миллионҳо мошину ҳавопаймову киштиҳо, фаъолияти корхонаҳо имкон дорад?

С. Т. Бале, имкон дорад. Бе нафту газу ангишт низ мо дар торикӣ ва хунукӣ намемонем. Аллакай, хонаҳо бо нируи барқ гарм мешаванд, барои хӯрокпазӣ ба ҷои газ нируи барқ истифода мешавад. Ин ҳатто осонтару беҳтар аст. Дар соҳаи саноат низ гузариши пурра ба нируи барқ комилан имконпазир аст, вале ин гузариш ба тадриҷ сурат мегирад. Мушкилтарин соҳаи гузариш ба манбаъи алтернативӣ соҳаи нақлиёт мебошад. Вале кор дар ин соҳа низ шурӯъ шудааст. Аввал поездҳо, ё қаторҳо ва тадриҷан дигар васоили нақлиёти умумӣ ба истифодаи манбаъи алтернативии энергия мегузаранд. Сипас, навбати мошинҳои хусусӣ аст. Дар баъзе мошинҳо сӯзишвории биологӣ истифода мешавад. Баъзе мошинҳо дар марҳилаи аввал ҳамоно бо бензину дизел кор мекунанд, вале муҳаррики онҳо тавре сохта мешаванд, ки мошин бо миқдори ҳаддалимкон ками сӯзишворӣ ҳаракат кунад. Дар дарозмуддат ҳамаи мошинҳо ба истифодаи нируи барқ ва дигар манбаъҳои энергия, масалан, ҳидроген мегузаранд.

Х.Қ. Дар тӯли якчанд даҳсолаи оянда захираи нафту гази ҷаҳон тақрибан поён мерасад. Оё он гоҳ проблемаи гармшавии умумӣ низ худ ба худ аз байн меравад?

С.Т. Масъала дар он аст, ки то тамом шудани захираи нафту газу ангишт иқлими замин дар натиҷаи дуди онҳо хароб мешавад. Аз ин сабаб, мо наметавонем, мунтазири тамом шудани онҳо бинишинем. Зеро зарари дуди онҳо ба муҳити зист қобили ислоҳ намебошад. Мо тадриҷан бояд ба истифодаи пурраи манобеъи алтернативии энергия гузарем. Шурӯъи чунин гузариш аз ҳоло ҳаматарафа муфид аст. Зеро агар мо танҳо баъди тамом шудани захираи нафту газу ангишт, аз пайи ҷустуҷӯи манбаъҳои алтернативии энегия шавем, он гоҳ тамоми сохтори энергияи ҷаҳон суқут мекунад.
XS
SM
MD
LG