Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тағйироти кадрӣ дар кумитаи ТВ ва радио


Абдураҳмон Абдуманнонов, муовини аввали тозатаъини раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавонии Тоҷикистон, ки ҳамакнун ба ин вазифа таъин шудааст, мегӯяд, аз сифати барномаҳои телевизион ва радиои давлатӣ қаноматманд нест ва яке аз сабабҳои ба ин мақом таъин шуданаш ин аст, ки ӯ бояд дар кори телевизион ва радиои давлатӣ таҳаввулоти ҷиддӣ ворид созад. Оқои Абдуманнонов қаблан масъули бахши фарҳанги дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ буд ва ӯ ахиран якҷо бо Самад Ҳикматов ва Дилафрӯз Амирқулова муовини раиси кумитаи мазкур таъин шудааст. Ба гуфтаи оқои Абдуманнонов, ҳадафи аслии тағйироти кадрӣ дар кумита фаъол сохтани кори телевизион ва радиои давлатӣ дар роҳи тарғиби ғояҳои миллию фарҳангист:

«Сабаби тағйироти кадрӣ ин аст, ки ҳар кас бояд дар мақоми худаш, ҷойи худаш кор кунад. Ин чизҳо буд ва минбаъд ҳам хоҳад буд. Тағйироти кадрӣ ин ногузир аст. Услуби корро кӯшиш мекунем, андак тағйир диҳем: дар тарғибот, дар ташвиқот, муаррифӣ кардани эҷодкорон, танзим кардани ҷадвали барномаҳои телевизион ва радио, яъне телевизиони мо, ки бештар аз ҳама бо консерту барномаҳои фароғатӣ эфирро пур мекунанд, ман мехостам, ки ҳам иттилоот, ҳам барномаҳои фарҳангию иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ бояд мақом ва ҷойгоҳи худро дар телевизиони тоҷик дошта бошанд. Вақте ки ман ба ин вазифа таъин мешудам, аз ҷониби сарвари давлат ҳам супориш гирифтам, ки ҳамаи ин барномаҳоро омӯзам ва барои сифатан тағйир додани онҳо бояд иқдомҳои ҷиддӣ бикунем.»

Дар ҳамин ҳол, Садриддини Шамсиддин, раиси телевизиони давлатии Тоҷикистон мегӯяд, Самад Ҳикматов ва Дилафрӯз Амирқулова кормандони собиқи телевизион будаанд ва аз сӯйи аҳли эҷоди телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба муованати раиси кумита пешбарӣ шудаанд. Ва аммо ба гуфтаи оқои Шамсиддин, ҳамакнун раёсати кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ тасмим гирифтааст, ки ояндаи наздик, яъне то иди Наврӯз пахши намоишҳои телевизиони давлатии Тоҷикистонро аз тариқи моҳвора низ таъмин кунад:

«Мо ният дорем, ки бо ҷалби технологияи рақамӣ ин корро амалӣ кунем ва ҷиҳати пахши барномаҳо ҳам дар қаламрави ҷумҳурӣ ва ҳам дар берун аз он ин ҷо талошҳо хеле зиёданд. Соатҳои пахш бо дарназардошти имкониятҳо аз соати 6-и субҳ то 12-и шаб мерасад ва бо даст додани имконият мо дар ояндаи наздик ният дорем, ки пахши барномаҳои телевизионро шабонарӯзӣ таъмин намоем.»

Ва аммо бархе аз коршиносон масъалаи муовини аввали раиси кумитаи телевизион ва радио таъин шудани Абдураҳмон Абдуманноновро бо он алоқаманд медонанд, ки мақомот мехоҳанд тавассути ин шахс маъракаи тарғиботиро дар интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ пурзӯр кунанд. Оқои Абдуманнонов дар аснои интихоботи имсолаи парлумонӣ вазифаи масъули дафтари иттилооти комиссияи марказии интихоботиро ба ӯҳда дошт.
XS
SM
MD
LG