Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Корхонаи арзизи тоҷик аз андоз озод мешавад?


Сафаралӣ Наҷмиддинов - вазири молияи Тоҷикистон, ки дар баррасии пешнависи лоиҳаи Қонун дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2006 дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон сухан мекард, иллати озодсозии гурӯҳе аз муассисоти зери назорати давлат ва аз ҷумла корхонаи арзизи тоҷик, ки гуфта мешавад, яке аз манобеи асосии таъмини буҷаи давлатӣ ба шумор меравад, аз пардохти бархе аз анвои молиётро чунин тавзеҳ дод. «Асосан озодшавии схемаи системаи андозбандии заводи алюминий дигар хел пешниҳод шудааст. Заводи алюминий акнун аз коркарди маҳсулоте ки дар завод дохил мешавад аз ҳамон андозбандӣ мешавад барои ҳамон аз дигар навъҳои андоз хориҷ карда шуд, ки ин тағйирот соли 2006 ҷорӣ шуд.»
Ва аммо ба эътиқоди бархе аз коршиносон озод кардани муассисоти алоҳида ва махсусан корхонаи арзиз, ки 45 дар сади содироти кишварро таъмин ва ҳудуди 25 дар сади нирӯи барқи кишварро масрафмекунад, иштибоҳ мебошад. Ҳоҷимуҳаммад Умаров- иқтисодшиноси тоҷик дар ин робита гуфт: «Ҳамаи молҳое ки воридотианд бояд онҳо ба буҷаи давлатӣ ҳиссагузорӣ кунанд. Аз ин рӯ ман тарафдори он ҳастам, ки ҳатто аз ашёи хоме ки аз глиназийоме ки барои корхонаи алюминий аз берун оварда мешавад ба он андозбандӣ вуҷуд дошта бошад».
Ба ҳамин тартиб, қарор шуд, лоиҳаи Қонуни буҷаи давлатӣ барои соли 2006 бо маблағи як миллиарду 510 миллион сомонии қисми даромад ва як миллиорду 552 миллион сомонии махориҷ, яъне бо 42 миллион сомонии каср дар яке аз ҷаласаҳои навбатии порлумон карда шавад.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG