Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилон буҷаи соли 2006-ро баррасӣ карданд


Пешнависи лоиҳаи Қонун дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2006 дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо иштироки вазири молия ва вазири даромад ва пардохти Тоҷикистон баррасӣ шуд. Сафаралӣ Наҷмиддинов- вазири молия ва масъули таҳияи тарҳи Қонун дар бораи буҷаи давлатӣ, ки ба суолоти вакилон дар робита ба банду моддаҳои қонуни мазкур посух медод, гуфт, маблағи оидоти буҷаи соли оянда дар муқоиса бо соли равон ҳудуди 20 дар сад афзоиш пайдо карда ва бештари маболиғи он барои соҳаи иҷтимоӣ пешбинӣ шудааст. Оқои Наҷмиддинов гуфт, таъйиди буҷа аз сӯи вакилон имкон медиҳад, дар соли оянда маоши табибон, муаллимин, идрорпулии донишомӯзон ва мунтаҳо маблағгузории давлатӣ ба соҳаи беҳдошту парвариш афзоиши назаррас пайдо кунад. Аммо бархе аз вакилони порлумон маблағгузории давлатӣ ба соҳаи тандурустӣ дар кишварро нокофӣ хонданд. Ба эътиқоди Юсуф Аҳмадов -вакили Маҷлиси намояндагон тақсими маблағҳои буҷавӣ дар бештари маворид бе дарназардошти мушкилот ва ниёзмандиҳои ақшори мӯҳтоҷ ва фақири ҷомиа ба роҳ монда мешавад. Ин дар ҳолест, ки теъдоди гирифторони бемории сафедхунӣ дар кишварро Ҷумъабой Сангинов - раиси фраксияи ҲХДТ дар порлумон панҷсад нафар эълом карда ва аз вазири молия дархост кард, барои мудовои ройгони онҳо ҳудуди 300.000 сомонӣ аз буҷа ихтисос бидиҳад. Ба ҳамин тартиб, қарор шуд, лоиҳаи Қонуни буҷаи давлатӣ барои соли 2006 дар яке аз ҷаласаҳои навбатии порлумон баъди баррасии вакилон қабул карда шавад.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG